Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон барои ҳакамии бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол дар гурӯҳи «E» байни яккачинҳои Сурия ва Афғонистон таъйинот гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Довари ФИФА Насруллоҳ Кабиров ҳамчун довари марказӣ интихоб шуд. Ба ӯ ёварони довари ФИФА Ҳасан Каримов ва Хусрави Сиддиқзод кумак мерасонанд. Довари ФИФА Сайёдҷон Зайниддинов довари чорум хоҳад буд. Лам Чи Хо аз Ҳонконг кори дастаи доваронро назорат карда, Тоҳ Сенг Ни аз Малайзия комиссари бозӣ таъйин гардид.
Бозии интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Сурия ва Афғонистон 31 март дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд






