Намунаи беҳтарини дӯстӣ миёни кишварҳои ҳамсарҳад

Апрель 26, 2016 17:59

Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Расо 20 сол қабл аз ин, миёни ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин Созишнома «Оид ба таҳкими боварӣ дар бахшҳои ҳарбии ноҳияҳои наздисарҳадӣ» ба тасвиб расид, ки минбаъд Созишномаи мазкур ба муносибати байнидавлатии кишварҳои минтақа таҳаввулоти куллӣ ворид намуда, ба таъсис додани Созмони Ҳамкории Шанхай таъсири бевосита расонидааст.

26 – уми апрели соли 1996 роҳбарони панҷ кишвар — Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Чин дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин баъд аз мулоқоту гуфтушунидҳо Созишнома «Оид ба таҳкими боварӣ дар бахшҳои ҳарбии ноҳияҳои наздисарҳадии «Панҷгонаи Шанхай» миёни кишварҳои панҷгонаро имзо карданд. Бо гузашти як сол аз ин ҳодиса, 24-уми апрели соли 1997 дар шаҳри Маскав роҳбарони кишварҳои Панҷгона зимни мулоқоти навбатӣ санади нав — Созишнома «Оид ба ихтисори қувваҳои мусаллаҳи тарафайн дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ»-ро ба тасвиб расониданд. Дар асоси ин Созишнома аз хати аввали марзҳои давлатии кишварҳои Панҷгона тамоми таҷҳизоти вазнини ҷангӣ, аз ҷумлаи танку тӯпҳо ва дигар муҳимоти ҳарбӣ, инчунин шумораи зиёди аскарону афсарон ба масофаи зиёда аз 100 км дур аз сарҳад интиқол дода шуданд. Чунин Созишнома миёни панҷ кишвари алоҳида дар таърих камназир аст, аммо бо вуҷуди надоштани таҷрибаи кофӣ ҷонибҳо тавонистанд дар асоси боварӣ ва эътимод ба ҳамдигар дар кӯтоҳтарин муддат бандҳои Созишномаро иҷро кунанд. Созишномаҳои ба имзорасида мусоидат бар ин карданд, ки баҳсҳои таърихӣ ва марзии даҳсолаҳо (аз даврони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ)  боқимонда ба тариқи гуфтушунидҳо ва бо роҳи осоишта бартараф гардиданд. Дар ҳудуд ва марзҳои давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин сарҳадҳои Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷойи хавфу хатари эҳтимоли сар задани муноқишаҳои сарҳадӣ ва задухӯрдҳои хунин, таҳдиду нобовариро амну субот, осоиштагӣ ва бовариву эътимод ба ҳамдигар абадан иваз карданд. Ба ибораи дигар бо шарофати имзо шудани ин ду Созишномаи таърихӣ хатти сарҳади давлатӣ ба дарозии зиёда аз 7 ҳазор километр аз минтақаи мамнӯи ҳарбӣ ба майдони дӯстӣ, ҳамкорӣ ва рушди тиҷорату иқтисод, беҳтар шудани сатҳи зиндагии сокинони кишварҳои минтақа мубаддал гашт.

Мебояд таъкид намуд, ки созишномаҳо «Оид ба таҳкими боварӣ дар бахшҳои ҳарбии ноҳияҳои наздисарҳадӣ» ва «Оид ба ихтисори қувваҳои мусаллаҳи тарафайн дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ» барои таъсис ёфтани «Панҷгонаи Шанхай» заминаи воқеӣ гузоштанд. Дар навбати худ «Панҷгонаи Шанхай» давоми панҷ соли минбаъдаи фаъолияти худ (аз соли 1996 то соли 2001) барои дар арсаи байналмилалӣ пайдо шудани созмони нави минтақавӣ — Созмони Ҳамкории Шанхай нақши муҳими таърихиро бозидааст.

Эътимоди сиёсӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои амниятӣ миёни кишварҳои узви СҲШ марҳала ба марҳала таҳким ёфта, робитаҳои тиҷоратӣ рӯз ба рӯз бештару беҳтар мегарданд. Созишномаҳои таърихии «Панҷгонаи Шанхай» ҳамчун намунаи беҳтарини муносибатҳои неку дӯстона миёни кишварҳои ҳамсарҳад баҳогузорӣ шудаанд.

Апрель 26, 2016 17:59

Хабарҳои дигари ин бахш

МАҚОМИ ЗАН-МОДАР ДАР АФКОРИ СИЁСИЮ ФАРҲАНГИИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Эҳдо ба Рӯзи Модар
Имсол шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд
Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Тоҷикистон муайян гардидааст
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
ТАЪЛИМОТИ ҒАЙРИРАСМИИ ДИНӢ-ТАҲДИД БА ОЯНДАИ ҶОМЕА. Ва ё чаро ҳуқуқи кӯдакон ба таҳсили қонунӣ поймол мегардад?
Тоҷикистон ва Беларус 30-солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатиро ҷашн мегиранд
МОДАР ВА ФАЛСАФАИ МЕҲР. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Модар
ПОЙТАХТ — ОИНАИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ. Чаро бархе сокинон нисбат ба иншооти сохташуда беэътиноӣ зоҳир мекунанд?
Дар фасли баҳор кадом бемориҳо авҷ мегиранд?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода