Низоми кредитии таҳсилот: ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои инкишоф

Апрель 13, 2016 10:43

Хуҷанд, 13.04.2016. (АМИТ «Ховар»). «Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми кредитии таҳсилот: ҳолат, муаммоҳо ва роҳҳои инкишоф»-чунин унвон дорад конфронси илмию методии ҷумҳуриявӣ, ки 22 апрели соли равон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.
Бино ба иттилои масъулини бахши таълим ва илми донишгоҳ, дар кори конфронс олимону мутахассисони соҳа, устодони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ширкат варзида, масоили таҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти олии кишварро дар ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот, усулҳои таълим, таҷрибаомўзӣ ва роҳҳои такмили он дар низоми мазкур, таҳсилоти ғоибона ва ҷорӣ намудани низоми фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, самтҳо ва мавзўъҳои меҳварии ҳамоишро баррасӣ мекунанд.
Аз рўи маводи пешниҳодшуда ба нашр расонидани маҷмўаи мақолаҳои илмӣ дар назар аст.
Дар ин бора сардори шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи ДДҲБСТ, дотсент Шавкат Рустамов иттилоъ дод.

Апрель 13, 2016 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид