Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода

Апрель 26, 2016 17:00

Душанбе, 26.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Машварати  кории «Платформаи миллӣ» дар заминаи Низоми ягонаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» имрӯз, 26 апрел дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар машварат роҳбарони Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Вазорати мудофиаи кишвар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, агентиҳои захираҳои моддӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ, Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои ҶТ  иштирок намуданд.
Бино ба иттилои котиби матбуотии кумита Ориф Нозимов, мақсади чорабинӣ- ин муҳокимаи талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сохтор ва тартиби фаъолияти Низоми ягонаи давлатии ҶумҳурииТоҷикистон оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода» буда, он имкон медиҳад, ки ҳангоми рух додани ҳолати фавқулода ҳамаи вазорату идораҳо зери низоми ягонаи давлатӣ амал намуда, қувва ва воситаҳои мавҷудаи худро ба минтақаи аз офатҳои табиӣ зарардида сафарбар намоянд.
Иштирокдорон қарори дахлдорро оид ба нақшаи ҳамкории Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон бо вазорату идораҳо ҳангоми ба амал омадани ҳолатҳои фавқулода муҳокима намуда, онро қабул намуданд.

Апрель 26, 2016 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид