Ғолиби озмуни шаҳрии «Муаллими сол-2016» муайян гардид

Апрель 14, 2016 17:05

Душанбе, 14.04.2016 /АМИТ «Ховар/. Дар Раёсати маорифи шаҳри Конибодом даври шаҳрии озмуни «Муаллими сол-2016» баргузор гардид.
Озмун бо мақсади арҷгузорӣ ба касби омӯзгорӣ, баланд бардоштани обрӯву нуфузи ӯ ва дарёфти соҳибистеъдодҳо ташкил гардидааст.
Дар даври минтақавии озмун 47 нафар омӯзгорон иштирок намуда, аз онҳо 8 нафарашон ба даври навбатӣ роҳ ёфта буданд. Дар озмун омӯзгори фанни биологияи МТМУ №24 Нигора Аҳмадҷонова ғолиб дониста шуда, барои иштирок дар озмуни вилоятӣ ҳуқуқ пайдо намуд. Ба ғолиби озмун дипломи дараҷаи 1 ва роҳхат ба озмуни вилоятӣ супорида шуд.

Апрель 14, 2016 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»