Ғ. Расулов: Барқи Тоҷикистон аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад

Апрель 27, 2016 13:52

Душанбе, 27.04.2016. / АМИТ «Ховар»/.  То  маросими расмии татбиқи Лоиҳаи бузурги «СASA-1000» рузҳои башумор мондаанд.  «СASA-1000»  яке аз лоиҳаҳои  бузургтарин ва муштараки  Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон ба шумор меравад. Лоиҳа барои ин  кишварҳо манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ хоҳад овард.  Лоиҳа норасоии неруи барқро коҳиш дода, ба рушди муносибатҳои  тиҷоратии кишварҳои шарик мусоидат мекунад ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд хоҳад овард.
«СASA-1000» номгузорӣ шудани ин лоиҳаро  сардори Раёсати тадқиқоти макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Ғафур Расулов чунин маънидод кард: «СASA калимаҳои кӯтоҳкардашудаи англисӣ буда, маънояш Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мебошад. Мувофиқи  гуфтугузорҳои қаблӣ ҳаҷми неруи барқи интиқолшаванда  1000 МгВт-ро бояд ташкил медод.  Вале ҳоло  мутобиқи пешгӯиҳо,  он дар доираи 1200-1300 МгВт содир хоҳад шуд».
Аҳамият ва муҳимияти ин лоиҳаро мусоҳиб дар он мебинад, ки дар Осиёи Марказӣ ва дигар  кишварҳои ҳамсоя барои пайдо кардани фурӯши барқ рақобат вуҷуд дорад.
«Ҳам Афғонистон, ҳам Туркманистон, ҳам  Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд барқи худро ба хориҷа содир кунанд. Туркманистон ва Узбекитон барқи аз неругоҳҳои ҳароратӣ истеҳсолкардаашонро  мехоҳанд ба хориҷи кишвар интиқол диҳанд.  Вале бартарияти  Тоҷикистон дар ин самт дар он аст, ки  кишвари мо  захираҳои обии хеле зиёд дорад, аз ин сабаб барқе, ки дар мо истеҳсол мешавад,  нисбат ба барқи дигар давлатҳо арзиши аслии камтар дошта,  аз ҷиҳати экологӣ тозатар мебошад»,-илова намуд коршиноси масоили иқтисодӣ.
Тавре ки маълум аст, татбиқи лоиҳаи мазкурро  бисёр созмонҳои байналмилалӣ, аз  ҷумла, Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, Бонки аврупоии сармоягузорӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва  ғайраҳо дастгирӣ намуданд. «Ин дастгирӣ аз он гувоҳӣ медиҳад, ки  лоиҳа аҳамияти бузург дошта, пас аз амалӣ гаштан,  ҳар сол  дар ҳудуди 5 млрд. кВт соат аз Тоҷикистон ва Қирғизистон ба кишварҳои ҳамҷавор  барқ содир мешавад. Хатти интиқоли барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон, баъдан ба Афғонистон ва аз он ҷо ба Покистон тӯл мекашад.  Дар оянда дар заминаи ин лоиҳа сохтмони дигар  иншоот дар назар аст ва ин лоиҳа бо дигар иншоот робитаи наздик хоҳад дошт. Масалан, дар ҷануби Тоҷикистон минтақаи озоди иқтисодии Панҷ фаъол буда, дар он ҷо иншооти зиёд сохта мешаванд. Барои корхонаҳову иншоот ва аҳолии он минтақа барқ хеле зарур аст»,- иброз дошт Ғ. Расулов.
Ба гуфтаи мусоҳиб, бо амалӣ гаштани Лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон, Афғонистон — Туркманистон дар хатти ин роҳи оҳан низ теъдоди  шаҳраку истгоҳҳо ва дигар минтақаҳои аҳолинишин, ки эҳтиёҷ ба барқ доранд, зиёд мешавад. «Лоиҳаи  «СASA-1000» имкон медиҳад, ки бар ивази  қувваи барқи содиршуда  ба Тоҷикистон асъори хориҷӣ ворид шавад.  Бо он маблағ ҷониби Тоҷикистон неругоҳҳои барқию обии худро  таъмир карда,  иншоотҳои нав  месозад. Ин имкон медиҳад, ки  дар оянда дар  тамоми фасл ҳам аҳолии мамлакат пурра бо барқ таъмин гардад ва ҳам ба хориҷа барқ  содир карда шавад»,-илова намуд  сардори Раёсати тадқиқоти макроиқтисодии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Ғафур Расулов.

Л.Қосимова

Апрель 27, 2016 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«МегаФон Life»: Навсозиҳо ҳаётро сабуктар менамоянд
Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Тоҷикистон IRS 17 400 тонна маводи зиддилағзиш захира намудааст
Доир ба нақши маориф дар тарбияи насли ваҳдатсоз вохӯрӣ доир гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суди конститутсионӣ Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ноиби президент ва академики Академияи илмҳои Осиё интихоб гардид
Алоқа барои сохтмон: чӣ тавр имконоти мобилӣ дар бунёди иншоот дар саросари Тоҷикистон кумак менамояд?
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ПАРЧАМИ МО ХУД САРИ БОЛОИ МОСТ! Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Рӯзи Парчами давлатӣ бошукуҳ таҷлил гардид