Сарфи умр дар масири манфиатрасонӣ беҳтар аз манфиатҷӯӣ аст

Апрель 25, 2016 10:27

Душанбе, 25.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ваҳдати миллӣ арзиши олиест, ки заминагузори комёбиҳои  зиёде мегардаду бо доштани ин ганҷ  ҳадафҳои бузургу созандаро дар амал  метавон татбиқ  намуд.  19  сол назди таърих он қадар  зиёд нест, аммо  дар зарфи 19 соле, ки  Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расидааст, мардуми тоҷик тавонист қадамҳои устуворе пеш гузорад. Аз ҷумла, шоирону эҷодкорон аз Ваҳдати миллӣ, аз иттиҳоду ҳамбастагии миллату сарзамини худ илҳом мегиранд ва  ба эҷодиёти худ ранги дигар мебахшанд.
Назри Яздон шоир ва файласуфи соҳибназарест, ки бо нигоштаҳои хеш дер боз мақоми шоистаро миёни андешаварзон пайдо кардааст. Ҳанӯз дар даврони донишҷӯӣ аввалин шеъру мақолаҳои илмиаш мунташир шудаанд. Мавсуф баъдан тақдири худро ба фалсафа пайваста, рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Фалсафаи Ибни Сино: Ишорот ва танбеҳот» ҳимоя намудааст. Ашъораш дар китобҳои «Меҳрбон», «Тоҷикистон беҳтар аз ҷон» ва маҷмӯаҳои дастаҷамъӣ ба нашр расидаанд. Осори зиёди публитсистӣ низ дорад. Китоби фалсафию адабиаш «Ҳикмати озодагон» ба тадбиру тақдири ҳувияти миллӣ ва фарҳангии имрӯзаи тоҷикон бахшида шудааст. Ин донишманди тоҷик  изҳор медорад,  ҳар касе, ки бо муҳаббати поки ватандӯстӣ, ба хотири манфиат расонидан дар ҷамъият  умр ба сар мебарад, ӯ бештар аз ашхоси манфиатҷӯ рӯзгори хуб дорад ва метавонад бо андешаи созгор давомдиҳандаи пайкори дирӯзу имрӯз бошаду пайванде барои фардо бошад. Ӯ мегӯяд:  «Дар раванди ҷаҳонишавӣ саодати ҷавонони тоҷик аз он аст, ки гӯё ин ҷаҳонишавиро бузургони мо  муқаддаман медонистаанд. Воқеан инҳо хеле заррабин буданд. Мо барои васл кардан омадем, мегӯяд Ҳазрати Мавлавӣ. Сарфи назар аз он ки дар кадом давлат, дар кадом режим зиндагӣ мекунанд, инсонҳо манфиатрасон ва манфиатҷӯ ҳастанд. Бузургони мо ба мо таъкид  карданд ки инсонҳо бояд манфиатрасон бошанд, на манфиатҷӯ.  Як нафаре, ки дар масири манфиатрасонӣ ба сар мебарад, зиндагӣ мекунад, бештар аз он нафаре, ки дар масири манфиатҷӯӣ аст, рӯзгори хубтар дорад. Хубӣ, некӣ, муҳаббат- донаҳое ҳастанд, ки бисёр пурбаракатанд. Шумо намедонед, ки ин донаро дар куҷо партофта будед, аммо ҳосили ин донаро шумо метавонед дар шакли як хирман дар ҷойи дигар пайдо кунед».
Назри Яздон яке аз адибони маъруф ва маҳбуби тоҷик аст, ки тӯли чанд даҳсолаи охир шеъраш дилҳои зиёдеро тасхир кардаву вирди забонҳо гардидааст. Агарчӣ маҷмӯаи ашъораш бо нусхаҳои зиёд ба табъ нарасидааст, аммо мушоҳида мешавад, ки аксари ҳаводорони шеъру адаб аз онҳо ба хубӣ огаҳанд ва дунёи маънавии худро бо офаридаҳои ӯ зинат медиҳанд. Назри Яздон ба масоили муҳими ҷаҳонӣ низ аз дидгоҳи хосса назар меафканад. Дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳонӣ на чун як нафар мушоҳидакор ва масъули беҳиссу бепарво, балки ҳамчун як соҳибдард ва адолатхоҳ ово баланд мекунад. Ҳангоми суҳбат ба суоли он, ки   дар масири тамаддуни ҷаҳонишавӣ тоҷикон чӣ карданд, чунин посух гуфт: «Тоҷикон дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла адабиёт, таърих, тибб, меъморӣ ва ғайра   саҳм гузоштаанд. Мо ҳуқуқ дорем, ки ҳуҷҷати ин ифтихоротро омода созем, ки миллати тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ чӣ саҳм дорад. То имрӯз мо 13 ҷилд чоп кардем. Ҷилди дуввуми «Мероси хаттии бостонӣ» рӯи чоп омад. Дар ин ҷилдҳо аз қадимитарин рӯзгоре, ки хати мо пайдо шудааст, яъне аз хатҳои мехиву авастоиву савриву, шоҳдабираву диндабира нақл шудааст.
Бо ҳама гуногунии мавзӯъ ва мундариҷаи эҷодиёти шоир метавон гуфт, ки меҳвари андешаву тахайюли ӯро ғояи ваҳдати миллӣ, якпорчагии кишвар, ифтихор аз гузаштаи дуру наздики миллати тоҷик ташкил медиҳад. Бесабаб нест, ки ҳар як дафтари нави ашъори ӯ маҳз бо таронаҳои ватанхоҳона шурӯъ мешавад. Ба даст омадани истиқлоли миллии тоҷиконро баъд аз ҳазорсолаҳо омили эҳёи фарҳангу таомули ориёӣ медонад. Ориёни бостону Тоҷикистони ҷавонро маҳз як ҷавҳар -ҷавҳари одамгароӣ, ҷавҳари адолатгустарӣ, ҷавҳари саодати абадӣ, зодгоҳи ишқу виҷдон мебинад. Шоир Назри Яздон бо ифтихор мегӯяд, ки агарчӣ дар Тоҷикистони азиз, ин Ватани маҳбуб соли равон 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ истиқбол гирифта мешавад, аммо ин ҳамон ҷашнест, ки  реша дар таърихи ҳазорсолаҳо дораду акнун бо шукӯҳу ҷалоли тоза таҷлил мегардад.
«Шод бодо Ориёнам
Ориёни бостонам.
Ориёни бостону
Тоҷикистони ҷавонам….»
Ин Тоҷикистони ҷавонмарди 25- солаи ман ҳамон Ориёни бостонии чандинҳазорсола аст, ки ин суннатҳо, ин одатҳои ҷаҳоншумул бояд имрӯз шукуфо бошанд, бояд коромад бошанд. Хушбахтии мо ин аст, ки мо дар аҳди ин гуна сарвари сиёсӣ умр ба сар мебарем, ин бисёр бахти калон аст барои ҳамаи мо».
Ба ақиадаи Назри Яздон  бадбахтии асосии кишварҳои ҷангзада ин гурӯҳҳои ифротиву экстремистӣ ва таҳдид ба ҳаёти одамон  мебошад. Ба ақидаи ӯ имрӯз Тоҷикистон дар баробари дастовардҳои бузурги моддӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои беназири маданиву фарҳангӣ ноил гардидааст.  Аз ин лиҳоз, ҷавонони моро лозим аст, ки аз тамоми имконият ва шароите, ки давлату Ҳукумати мамлакат барои таҳсил,  фаъолият, фароғату беҳдошти сатҳи зиндагӣ ва маърифатнокиашон омода ва пешниҳод менамояд, самаранок истифода намуда, ташаббускору созанда бошанд ва ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ шомил нашаванд.
Ин донишманди нуктасанҷ мегӯяд, танҳо худшиносию худогоҳӣ метавонад миллатро аз парокандагию ҷангу ҷидол берун кашад: «Имрӯз Сурияро бо дасти Сурия қатл мекунанд, Либияро бо дасти Либия хароб мекунанд, Ироқро бо  дасти Ироқ маҳв  месозанд. Аз ин рӯ моро  хештаншиносиву худшиносӣ зарур аст.  Асолати мо, асолати ислом- ин ҳақиқат, адолат ва эҳсоси шафқат аст. На ин ки ҷиҳод эълон куниву тифли дар гаҳворабудаи мусулмонро бикушӣ, ки ҳанӯз ба гуноҳ нарасидааст. Ҷиҳод эълон куниву масҷидҳоро вайрону валангор кунӣ. Ин кадом мусулмонӣ аст, кадом Қуръон аст, ки ин гуна амр додааст. Ҳайфи Қуръон барои ин гуна мусулмонон».
Ифтихори миллӣ дар сар то сари эҷодиёти адиб ҳамчун хати равшан ба назар мерасад. Дар ҳар навиштаи ин донишманд  васфи ин меҳани куҳанбунёд, иттиҳоду ҳамбастагӣ, Ваҳдату истиқлолият ва ифтихори миллию худшиносӣ ҷойгоҳи махсус доранду хонандаро ба худогоҳию ваҳдатгароӣ даъват менамоянд.   Воқеан беҳтарин муаррифгари ашъори Назри Яздонӣ мазмуну муҳтавои ашъори ӯ ба ҳисоб меравад.
Муддате, ки дар суҳбати ин донишманди  миллатдӯсту ватандӯст қарор доштем, аз баҳри бекарони андешаҳои ифтихоромез, дунёи ашъори  лабрез аз ғурури ватандӯстию ватанхоҳияш баҳравар гардида, бори дигар итминон ҳосил кардем, ки воқеан сухани созандаву ҳарфи самимона рӯйи авроқ рехта, метавонанд хонандаро ба сӯйи асолату худшиносӣ раҳнамоӣ кунанду афкору ақидаашонро   аз ҷӯяҳои фарҳангу хиради воло шодоб намоянд.

 

Таҳияи Руқияи Боймамад

Апрель 25, 2016 10:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон 14 намоиш гузаронида шуд
Ҳавопаймои «Azerbaijan Airlines» дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард
Дар Душанбе масъалаи ҳифзи ҳуқуқҳои шахсони маъюб баррасӣ шуд
«Рақам» барои Суғд. Чӣ тавр МегаФон Тоҷикистон интернети мобилиро дар минтақа рушд медиҳад?
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба 100-солагии мунаққиди тоҷик Соҳиб Табаров ҳамоиш баргузор шуд
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон соҳиби 15 техникаи вазнин барои корҳои наҷот гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Роҳи деҳаи Сари Чашмаи ноҳияи Файзобод мумфарш карда шуд
Аёдати беморон ва дидорбинии собиқадорон амали хайр аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
То соли 2100 яхҳои Антарктида метавонанд чоряк ҳисса коҳиш ёбанд
Бахшида ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид