Сокинони Лахш дар раъйпурсии умумихалқӣ фаъолона иштирок менамоянд
Душанбе, 04.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 22 майи соли ҷорӣ доир гардидани раъйпурсии умумихалқиро сокинони ноҳияи Лахш бо як нерӯи сулҳҷӯёнаю созанда интизоранд. Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва гурӯҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ маълум гардид, ки сокинони ноҳия омодаанд, ки дар ин санаи таърихӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тақозои давру замон буда, дар шароити кунунӣ саривақтӣ мебошад. Доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш Сайрам Файзуллоевна иброз намуд, ки: «Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замон буда, барои боз ҳам ривоҷу равнақ ёфтани ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи кишварамон пешбинӣ гардидаанд.
Конститутсия ҷумҳурӣ сарчашмаи зиндагии шаҳрвандон ва муаянкунандаи сиёсати кишварро дар бар гирифта, барои осон гардидани фаъолияти кормандони ҳамаи соҳаҳо роҳнамо мебошад. Омӯзгори собиқадор Лола Саидҷонова гуфт, ки тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои манфиати аҳолии кишварамон нигаронида шудааст, ки аз ин сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ Тоҷикистон мо омӯзгорон илҳоми тоза гирифта, барои дар сатҳи зарурӣ тарбия намудани ҷавонон ва баланд бардоштани сифати дониши хонандагон дучанд меҳнат менамоем.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






