Суиистифодаи ҷангалбон аз мақоми хизматӣ

Апрель 29, 2016 12:01

Душанбе, 29.04.2016./АМИТ«Ховар»/. Мақомоти прокуратура ҳолати иҷрои қонунгузории ҷангалро дар шаҳри Ҳисор мавриди санҷиш қарор дод. Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки А.К. Бобокалонов, ҷангалбони Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳияи Ҳисор бо суиистифода аз мақоми хизматӣ моҳи ноябри соли 2015 худсарона ду адад дарахти дар сабзиш қарордоштаи навъи акатсияро, ки дар ҷангалзори минтақаи Алмосӣ ҷойгир буд, ғайриқонунӣ бурида, ба  хоҷагии ҷангал 1560 сомонӣ зарар расонидааст.
Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба  А. К. Бобокалонов бо моддаи 234, қисми 2, банди «б» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида,  тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Дар ин бора аз Маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Апрель 29, 2016 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад