Тамоюли коҳиши қонуншиканиҳо аз сӯи хориҷиҳо
Душанбе, 25.04.2016./АМИТ «Ховар»/. Наздики 170 ҳолати ҳуқуқвайронкунии гумрукӣ дар зарфи се моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода ба қайд гирифта шудааст.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки кишвар итттилоъ медиҳад, ки дар натиҷаи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ 169 нафар шахсони воқеӣ бо сабаби саркашӣ ҳангоми гузаштан аз муоинаи гумрукӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд, ки беш аз 30 нафари онҳоро шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, назири Туркия, Узбекистон, Эрон, Қазоқистон ва Русия ташкил медиҳанд. Бояд тазаккур дод, ки тамоюли қонуншиканиҳо аз ҷониби шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ ҳангоми убури сарҳади гумрукӣ рӯ ба коҳиш овардааст. Ин омор дар соли 2015 беш аз 80 ададро ташкил дода буд.
Инчунин дар ин давра аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Турсунзода беш аз 350 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ рӯёнида шуда, ба буҷаи кишвар пардохт гардидаанд.








Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд






