Таъсиси ҷоизаҳои нави ифтихорӣ барои олимон

Апрель 5, 2016 14:31

Хуҷанд, 5.04.2016. /АМИТ «Ховар/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади ҳавасмандгардонӣ ва дастгирии олимон таваҷҷўҳи хосса зоҳир намудан ба рӯзгор ва осори аҳли илму адаб ва арҷгузорӣ ба хизмати шахсиятҳои баргузида се ҷоизаи ифтихорӣ таъсис дод.
Тавре ки ба АМИТ Ховар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов иттилоъ дод, ин ҷоизаҳо риштаи адабиёт, санъат ва журналистикаро дар бар гирифта, онҳо ба номи се олими варзида Абдулманнони Насриддин (соҳаи адабиёт), Наимҷон Ҳакимов (соҳаи фарҳанг) ва Ҳасанбой Шарифов (соҳаи журналистика) таъсис дода шудаанд.
Ин се олими намоён дар се риштаи илми тоҷик саҳми арзишманд гузошта, барои пешрафти илмҳои адабиёт, фарҳанг ва таъриху журналистика хизматҳои шоёнро ба ҷо овардаанд. Аз ин лиҳоз кумитаи тадорукот тасмим гирифт ҷоизаҳои таъсиснамударо ба исми ин шахсон номгузорӣ намояд. Озмун дар ду сол як маротиба аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд эълон ва дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ гузаронида мешавад. Ба озмун асарҳои илмӣ дар соҳаи тадқиқотҳои бунёдӣ, дар риштаи инкишофи адабиёт, журналистика ва фарҳанг ҳамчунин корҳои ҷудогонаи илмӣ дар доираи силсилаи корҳои илмӣ дар як мавзӯъ аз 1 апрел то 1 июни соли 2016 қабул карда мешаванд, — афзуд, С. Юнусов.

Апрель 5, 2016 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад