Теъдоди қурбониёни ҳамла дар Кобул ба 64 нафар расид
Душанбе, 21.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди қурбониёни ҳамлаи «Толибон» дар шаҳри Кобули Афғонистон ба 64 нафар расид. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Сиддиқ Сиддиқӣ хабар дод.
Ёдовар мешавем, чанд рӯз қабл террористи худкуш, ки бо мошини боркаш ҳаракат дошт, худро дар назди яке аз воҳидҳои Раёсати амнияти миллии Афғонистон инфиҷор кард. Пас аз ин, миёни иштирокдорони дигари ҳамла бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тирпарронӣ сурат гирифт. Ин ҳамла боиси талафоти зиёд гардид.
Дар баробари 64 қурбонӣ 347 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд.
Бино ба маълумоти мақомоти маҳаллӣ, аксарияти қурбоиёнро сокинони осоишта ташкил медиҳанд.








Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






