Усулҳои ҷолиби таълим- тақозои замон

Апрель 26, 2016 08:04

Хоруғ, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи ҳамкории байналмилалии анҷумани таълимии калонсолони Олмон дар Тоҷикистон барои омӯзгорон ва мураббиёни Маркази таълими калонсолони вилоят се рӯз боз  дар мавзӯи «Усулҳои интерактивии таълим» давраи омӯзишӣ баргузор намуд.
Ба  қавли роҳбари Муассисаи ҳамкории байналмилалии анҷумани таълими калонсолони Олмон дар Тоҷикистон Зарина Холиқова,  мақсад аз баргузории  даври омӯзишӣ такмил додани маҳорати муаллимон дар ҷараёни таълим ва таҳияи дарсҳои таълимӣ мебошад. Муаллимон бо мафҳуми равандҳои гурӯҳӣ ва идоракунии онҳо, қоидаҳои таъмини мубодилаи афкор, маҳоратҳои коммуникативии тренерон, тарзи ироаи  савол, ҳавасмандкунии тренерон машғул мебошанд. Дар шароти муосир нақши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ хеле муҳим аст. Агар муаллим ва ё тренер аз шеваи истифодабарии ин технология огоҳии хуб надошта бошад, дар кораш муваффақ шуда наметавонад. Хонанда  ё шунавандаи имрӯза баъди ҳар як дақиқа ин ё он иттилоъ ба даст меорад, аммо на ҳамаи онҳо дар рӯзгор ё фаъолияташон аз он дуруст истифода бурда наметавонанд.
Вазифаи мо ин аст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати шуғли аҳолии шаҳру навоҳии кишвар онҳоро ба як роҳи ҳадафманд равона созем, то имкон пайдо намоянд аз чунин иттилоот манфиате барои худ ва ҷомеа ба даст оранд.

Апрель 26, 2016 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад