Усулҳои ҷолиби таълим- тақозои замон
Хоруғ, 26.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи ҳамкории байналмилалии анҷумани таълимии калонсолони Олмон дар Тоҷикистон барои омӯзгорон ва мураббиёни Маркази таълими калонсолони вилоят се рӯз боз дар мавзӯи «Усулҳои интерактивии таълим» давраи омӯзишӣ баргузор намуд.
Ба қавли роҳбари Муассисаи ҳамкории байналмилалии анҷумани таълими калонсолони Олмон дар Тоҷикистон Зарина Холиқова, мақсад аз баргузории даври омӯзишӣ такмил додани маҳорати муаллимон дар ҷараёни таълим ва таҳияи дарсҳои таълимӣ мебошад. Муаллимон бо мафҳуми равандҳои гурӯҳӣ ва идоракунии онҳо, қоидаҳои таъмини мубодилаи афкор, маҳоратҳои коммуникативии тренерон, тарзи ироаи савол, ҳавасмандкунии тренерон машғул мебошанд. Дар шароти муосир нақши технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ хеле муҳим аст. Агар муаллим ва ё тренер аз шеваи истифодабарии ин технология огоҳии хуб надошта бошад, дар кораш муваффақ шуда наметавонад. Хонанда ё шунавандаи имрӯза баъди ҳар як дақиқа ин ё он иттилоъ ба даст меорад, аммо на ҳамаи онҳо дар рӯзгор ё фаъолияташон аз он дуруст истифода бурда наметавонанд.
Вазифаи мо ин аст, ки дар ҳамкорӣ бо Раёсати шуғли аҳолии шаҳру навоҳии кишвар онҳоро ба як роҳи ҳадафманд равона созем, то имкон пайдо намоянд аз чунин иттилоот манфиате барои худ ва ҷомеа ба даст оранд.








Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид






