Ёдовард аз хизмати бузурги устод Айнӣ дар рушди забони тоҷикӣ

Апрель 5, 2016 14:32

Душанбе, 05.04.2016./АМИТ «Ховар»/. Кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба муносибати зодрӯзи асосгузори адабиёти навини тоҷик устод Садриддин Айнӣ 15 ва 16 апрели соли равон дар Душанбе конфронси ҷумҳуриявии илмию амалиро таҳти унвони «Устод Айнӣ ва асолати забони тоҷикӣ» баргузор намояд.
Интизор меравад, ки дар конфронс масоили марбут ба забоншиносӣ, саҳми устод Айнӣ ва осори ӯ дар рушду такомули забони адабии тоҷикӣ ва инкишофи услуби публитсистӣ, масъалаҳои забони матбуоти даврӣ ва воситаҳои электронии ахбори омма, аз ҷумла радио, телевизион ва интернет, инчунин тарҷумаи маводи матбуоти даврӣ матраҳ гардад.

Апрель 5, 2016 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд