14 ҳазор сокини Исфара бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд

Май 19, 2016 13:34

Душанбе, 19. 05.16./АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи лоиҳаи «Таъминоти деҳот бо оби нӯшокӣ ва беҳдошти санитарии деҳот дар  водии Фарғона, Тоҷикистон» сохтмони хатти оби тозаи нӯшокӣ дар деҳаи Чилгазӣ оғоз гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд хабар доданд, сохтмони хатти интиқоли мазкур аз тарафи ҶДММ «Муҳандис» кашида шуда, то охири сол ба сомон расонида мешавад.
Дар ин хусус моҳи июли соли 2015 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара ва идораи обу корези шаҳр созишнома ба имзо расида буд. Корҳои лоиҳакашӣ, ҷустуҷӯӣ-геологӣ ба анҷом расонида шуда, то ин дам 55 000 метр қубурҳо бо таҷҳизоти ҳархела харидорӣ гардиданд.
Баъди анҷоми лоиҳа наздики  14 ҳазор аҳолии деҳаи Чилгазӣ бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегарданд. Инчунин 5 муассисаи таълимӣ, 1 боғчаи бачагона, беморхонаи деҳа ва Маркази саломатӣ бо оби тоза таъмин хоҳанд шуд.

Май 19, 2016 13:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»