Ғалабаи аввалини наврасони Тоҷикистон бар Афғонистон дар фестивали футболи Осиё
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар варзишгоҳи Академияи «Истиқлол» дар дараи Алмосӣ дастаи мунтахаби футболи то 14 солаи кишварамон бар тими мунтахаби Афғонистон бо натиҷаи 3:0 зафар ёфт. Голҳоро Ислом Зоиров(22),Шарифбек Раҳматов(53,пеналтӣ) ва Дамирҷон Азимов(60) ба нишон расониданд.
Наврасони дастаи мунтахаби Эрон дар бозии нахустинашон тими мунтахаби Непалро бо ҳисоби 6:0 шикаст доданд. Ҳиндустон дар муқобили тими мунтахаби Қирғизистон бо нишондоди 3:1 ба комёбӣ расид.
Дар бозиҳои дуввуми рӯз наврасони Тоҷикистон аз дастаи мунтахаби Эрон бо натиҷаи 3:5 мағлуб шуданд.
Бозиҳо дар фестивали минтақавии Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ имрӯз идома меёбанд. Дар он Тоҷикистон бо Непал, Эрон бо Қирғизистон,ва Афғонистон бо Ҳиндустон рақобат менамоянд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






