Ғалабаи донишҷӯёни тоҷик дар риштаи бокс
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлоияти мамлакат Тоҷикистон мизбони баргузории яке аз чорабиниҳои варзишии бузург -Чемпионати Осиё оид ба бокс миёни донишҷӯён гардид. Хушбахтона, донишҷӯёни муштзани тоҷик дар он ширкати фаъолона намуда, ба гирифтани зинаҳои ифтихорӣ даст ёфтанд. Миёни бонувон рақобатҳо дар се вазн ҷараён дошт, ки дар ду вазн +61 кг Мавзуна Чориева ва дар 75 кг Шоира Зулқайнарова ба гирифтани медалҳои тилло шарафёб гаштанд ва унвони чемпионии аввалин Чемпионати Осиё миёни донишҷӯёнро ба худ ихтисос доданд.
Мавзуна Чориева дар финал бар намояндаи Муғулистон Нергул Оин Эрдене дастболо шуд. Шоира Зулқайнарова пеш аз муҳлат бар варзишгари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Лайло Секандарӣ пирӯз гардид.
Донишҷӯи дигари Тоҷикистон Светлана Вилгина дар вохӯрии ниҳоӣ аз муштзани тайландӣ Раксат Ҷузамат мағлуб гардид ва дар вазни 51 кг ба гирифтани мақоми дуюм мушарраф шуд.
Қувваозмоии ниҳоӣ миёни мардон бо сатҳу сифати дигар ҷараён гирифт ва дар се вазн Шуҳрат Сабзаалиев, Файзмаҳмад Малахбеков ва Шоҳрух Оғоназаров дар вазнҳои худ сазовори ҷои дуввум шуданд.
Баҳодур Усмонов дар вазни + 56 кг барои тоҷикистониён аввалин медали тиллоро ба даст овард. Ӯ дар вохӯрии ниҳоӣ варзишгари Қазоқистон Эрдуған Зайнуллиновро мағлуб намуд.
Дар вазни 69 кг ба мусобиқаи ниҳоӣ ду варзишгари тоҷик- Ҷамшед Бурҳонов ва Мирзомуҳаммад Бахтибеков роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа Мирзомуҳаммад Бахтибеков аз ҳарифаш беҳтар буд. Дар вазни +75 кг донишҷӯёни тоҷик Шаҳбоз Неъматуллоев ва Дороюш Азизов барои медалҳои тилло бо ҳам қувва озмуданд. Шаҳбоз дар ин набард ба комёбӣ муваффақ гардида, соҳиби унвони чемпионӣ гардид.
Пирӯзии Диловаршоҳ Абдураҳмонов дар вазни -100 кг бар ҳамаи ҳарифонаш унвони чемпионӣ ва медали тиллоро ба ӯ ихтисос дод.
Бо ҳамин мусобиқаи бокс бо пирӯзии бештари боксчиёни кишварамон ҷамъбаст шуд ва он нишон дод, ки бокс дар байни донишҷӯёни тоҷик рушду инкишоф ёфтааст ва барои ғалабаҳои оянда дар ин самт ҳама тадбирҳо андешида мешаванд.
Коршиносони Федератсияи байналмилалии бокси ҷаҳону Осиё минатдории худро барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин чорабинии варзишӣ ба созмондиҳандагони мусобиқа баён карданд.
Умед аст, ки дар оянда низ чунин мусобиқоти сатҳи Осиёӣ дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






