Ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон ба кори худ оғоз кард

Май 27, 2016 10:26

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон нахустин ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори худ оғоз намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни оғози ҷаласа аъзои Шӯро ва тамоми ҷавонони кишварро бори дигар бо Рӯзи ҷавонон табрик намуд.
Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала ворид шудааст:
1. Суханронии раиси Шӯро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон;
2. Маълумоти котиби Шӯро вобаста ба нақш ва иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа ва дастовардҳои ҷавонон;
3. Баррасии нақшаи Шӯро барои давраи моҳҳои июн-декабри соли 2016.
Доир ба масъалаи дуюм- иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар замони истиқлолият раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва ҳамзамон котиби шӯро  Аҳтам Абдуллозода сухан гуфт.
Ёдовар мешавем, ки 18 июли соли 2015 Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуд, ки 43 нафар аъзо дорад.
Мақсади таъсиси Шӯро дастгирӣ намудани сиёсати ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоиди кору таҳсил барои ҷавонон мебошад.

Май 27, 2016 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд