Асали Дарвоз давоӣ ва гуворост

Май 4, 2016 09:41

Дарвоз 04.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016»  занбӯрпарварони ноҳияи Дарвоз фаъолияташонро боз ҳам густариш дода, шумораи хоҷагиҳои занбӯри асалро то ба 180 адад расониданд. Ҳар яке аз ин хоҷагиҳо аз 50 то 100 қуттӣ занбӯр доранд. Сарвари яке аз ин хоҷагиҳо Ғозиҷони Шодик  гуфт, ки чаҳор сол пеш  мо ҳамагӣ 5 тонна асал мегирифтем, аммо баъди ба тасвиб расидани қарори мазкур кумаку дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурию  маҳаллӣ бештар шуд ва соли гузашта ҳосилнокиро ба 60 тонна расонидем. Дар шароити Бадахшон парвариши занбӯри асал хеле фоидаовар аст. Агар касе як ё ду қуттӣ дошта бошад, дар мавсим дасти кам то 50 кг асал мегирад. Асали ин минтақа дар баробари поку ширин будан боз хусусияти шифобахшӣ низ дорад, зеро  мо кӯшиш мекунем, ки  ҳар сари чанд вақт макони занбӯрҳоро тағйир диҳем ва қуттиҳоро ба баландтарин доманакӯҳҳо барем. Ин имконият медиҳад, ки занбӯрҳо аз гулу буттаҳои шифоӣ бештар баҳра баранд ва ба ҷои як ё ду имкон дорад то се маротиба ҳосил диҳанд.

Май 4, 2016 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад