Асали Дарвоз давоӣ ва гуворост
Дарвоз 04.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011-2016» занбӯрпарварони ноҳияи Дарвоз фаъолияташонро боз ҳам густариш дода, шумораи хоҷагиҳои занбӯри асалро то ба 180 адад расониданд. Ҳар яке аз ин хоҷагиҳо аз 50 то 100 қуттӣ занбӯр доранд. Сарвари яке аз ин хоҷагиҳо Ғозиҷони Шодик гуфт, ки чаҳор сол пеш мо ҳамагӣ 5 тонна асал мегирифтем, аммо баъди ба тасвиб расидани қарори мазкур кумаку дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурию маҳаллӣ бештар шуд ва соли гузашта ҳосилнокиро ба 60 тонна расонидем. Дар шароити Бадахшон парвариши занбӯри асал хеле фоидаовар аст. Агар касе як ё ду қуттӣ дошта бошад, дар мавсим дасти кам то 50 кг асал мегирад. Асали ин минтақа дар баробари поку ширин будан боз хусусияти шифобахшӣ низ дорад, зеро мо кӯшиш мекунем, ки ҳар сари чанд вақт макони занбӯрҳоро тағйир диҳем ва қуттиҳоро ба баландтарин доманакӯҳҳо барем. Ин имконият медиҳад, ки занбӯрҳо аз гулу буттаҳои шифоӣ бештар баҳра баранд ва ба ҷои як ё ду имкон дорад то се маротиба ҳосил диҳанд.








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд






