Аёдати ҷавонони ниёзманд дар Хуҷанд

Май 19, 2016 16:05

Душанбе, 19.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хуҷанд  чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» ва таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони «Ҷавонон — пайрави Пешвои миллат ва муҳофизони дастовардҳои 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!» идома доранд. Имрӯз роҳбарияту кормандони Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Хуҷанд ба хонаи 10 нафар ҷавонони ниёзманди шаҳри Хуҷанд — Улфатой Норматова, Мавзуна Содиқова, Умедҷон Бобоҷонов, Гулҷаҳон Ҳакимова ва  дигарон рафта, онҳоро аёдат ва  бо таҷлили рӯзҳои ҷавонӣ табрик намуданд.
Дар баробари ин ба онҳо кумаки яквақтаи моддӣ, иборат аз маводи ғизоӣ тақдим намуданд, ки ин амали нек  боиси рӯҳбаландии ҷавонони маъюбу ниёзманд гардид.

Май 19, 2016 16:05

Хабарҳои дигари ин бахш

НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид