Бахшида ба Рӯзи футболи оммавии КФО Фестивали футболи кӯдакон барпо шуд

Май 17, 2016 10:50

Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи марказии пойтахт бахшида ба рӯзи футболи оммавии Конфедератсияи футболи Осиё фестивали футболи кӯдакон барпо гардид. Ҳамасола барои ривоҷу равнақ ва шӯҳрат ёфтани футбол раёсати Федератсияи футболи мамлакат чорабиниҳои гуногунро бо иштироки кӯдакону наврасон дар марказ ва ноҳияҳо барпо мекунад. Баъди гузаронидани чунин чорабиниҳо дар солҳои қаблӣ имрӯз таваҷҷуҳ ба футболи кӯдакону наврасон беандоза зиёд шудааст ва ҳамагӣ баҳри фаро гирифтани кӯдакон ба бозии футбол чорабиниҳои сатҳи гуногунро созмон медиҳанд. Шодию нишоти онҳое, ки ба Варзишгоҳи марказӣ омада буданд, баръало ба мушоҳида мерасид.
Беш аз 100 нафар кӯдак баъди гузаронидани машқҳои ҷолиб ҳамчун рамзи дӯстдорию маърифати баланди футбол бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.

Май 17, 2016 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд