Баргузории Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои донишҷӯён дар Боғи Ирам

Май 26, 2016 17:05

Душанбе, 26.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Боғи Ирам бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  кушодашавии Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба иттилои Ҷалолиддин Амиров, сармуттахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Вазорати маориф ва илм дар фестивали мазкур аз 65 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ 60 муассиса иштирок намуда,  дастовардҳои худро пешкаши тамошобинон гардониданд.
Мақсад аз баргузории Фестивали истеъдод ва ҳунарҳои донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарёфти истеъдодҳои ҷавон, муттаҳид намудани донишҷӯёни таҳсилоти миёнаи касбӣ,  пешгирӣ намудани гаравиши ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои  террористиву экстремистӣ ва дигар амалҳои номатлуб, ба мисли нашъамандиву тамокукашӣ буд.

Май 26, 2016 17:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид