Дар ҷаласаи якҷояи мушовараи ВКД ҶТ ва ВКД ФР се масъала баррасӣ мешавад

Май 23, 2016 17:41

Душанбе, 23.05.2016 /АМИТ «Ховар/. Имрӯз дар Душанбе ҷаласаи якҷояи мушовараи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия ба кори худ оғоз намуд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни сухани ифтитоҳӣ зикр кард, ки ҷаласаи мушовараи якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия дар арафаи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти ҶТ баргузор мегардад.

Дар назар дошта шудааст, ки зимни ҷаласаи мушовараи якҷояи ВКД ҶТ ва ВКД ФР масъалаҳои ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳои махсусан вазнин; тақвият додани мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм; баррасӣ ва тасдиқ намудани нақшаи корӣ барои соли 2017 баррасӣ мешаванд.

Дар ҷаласа зикр карда шуд, ки дар натиҷаи ҳамкории ду вазорат 29 нафар ҷинояткор, ки аз тарафи ВКД Тоҷикистон дар ҷустуҷӯ қарор доштанд, аз тарафи ВКД ФР дар қаламрави Русия ва 19 нафар ҷинояткороне, ки ВКД ФР онҳоро дар кофтуков эълон карда буд, аз тарафи ВКД Тоҷикистон дастгир шуданд.

 

Май 23, 2016 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад