Дар Муъминобод аз хуруҷи малахи марокашӣ пешгирӣ намуданд
Душанбе,17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Муъминобод аз рух додани ҳодисаи хуруҷи малахи марокашӣ дар атрофи деҳаи Момандиёни деҳоти ба номи Нуралишоҳ Назаров, ки масоҳати 15 километри мураббаъро дар бар мегирифт, сари вақт воқиф гардида, барои бартараф кардани он ситоди махсус ташкил намуд.
Бо мақсади зудтар бартараф кардани ҳолати бамиёномада, аз ҳисоби сокинони деҳаҳои атроф 200 нафар ҷавонмардону мутахассисони корозмудаи соҳаи кишоварзӣ сафарбар гардиданд. Онҳо тавассути 6 трактори дорупош ва бо истифода аз заҳрхимикатҳои наву босифат ба рафъ намудани хатар муташаккилона оғоз намуданд. Ташкили хуби кор самараи нек овард ва дар натиҷаи муборизаи дастаҷамъона офати малахи марокашӣ дар мудати кӯтоҳ бартараф гардида, боғоту полезҳои ноҳия аз ин хатар эмин монданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






