Дар натиҷаи боронҳои пуршиддат 1146 хонаи истиқоматии ноҳияи Рӯдакӣ хисорот дидаанд
Душанбе, 12.05.16./АМИТ «Ховар»/Шабонарўзи гузашта дар шаҳру навоҳии кишвар боришоти аз меъёр зиёди борон ба қайд гирифта шуд, ки мувофиқи маълумоти пешакӣ дар натиҷа хисороти зиёд ба бор оварданд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ хабар доданд, 12 май, соати 03:40 дар натиҷаи боронҳои пуршиддат сатҳи оби дарёи Элок баланд гардида, дар ҷамоати деҳоти Зайнабобод, деҳаҳои Адолат, Файзоба, Садоқат, Комсомол -1 ва Комсомол -2-и ноҳияи Рӯдакӣ сел омада, ба 1146 хонаи истиқоматии деҳаҳои мазкур зарар расондааст.
Барои бартараф кардани ҳолати баамаломада ва кумак ба оилаҳои зарардида, дастаҳои наҷотдиҳӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии кумита, Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Душанбе, ҳайати шахсии қисму воҳидҳои низомии қўшунҳои мудофиаи граждании кумита дар гарнизони Душанбе дар ҷойи ҳодиса фаъолият доранд.
Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






