Дар вилояти Суғд маъракаи пилласупорӣ авҷ мегирад

Май 18, 2016 08:59

Хуҷанд, 18.05.2016. /АМИТ Ховар/. Дар ноҳияҳои манотиқи вилояти Суғд маъракаи ҷамъоварии ҳосили пилла торафт авҷ мегирад. Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак дурнаморо сари вақт иҷро намоянд.
Тавре ки ба АМИТ Ховар сараграноми идораи Пилла-и Суғд Қаҳрамон Ҷӯраев иттилоъ дод, кирмакпарварони вилоят имсол парвариши 14 ҳазору 622 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба роҳ монда, нақша доранд 658 тонна пилла ҷамъоварӣ намоянд.
Дар ин замина, дар вилоят вобаста ба  иқлими минтақавии ноҳияҳо тақсими қуттиҳои кирмак  аз даҳаи дуюми моҳи март то даҳаи аввали моҳи апрел ҷараён ёфта, ҳоло дар 12 ноҳияи вилоят парвариши кирмак идома дорад.
Шурӯъ аз 27 апрел дар се минтақаи вилоят- ноҳияҳои Конибодом, Спитамен ва Б.Ғафуров супоридани ҳосили пилла оғоз гардид. То  17 май кирмакпарварони ноҳияи Конибодом ба хирмани давлат 74 тонна пилла супориданд, ки он ба 77% накша баробар аст.
Пиллапарварони ноҳияи Спитамен 82 тонна ё 67% ва ноҳияи Б.Ғафуров  ба андозаи 67 тонна ё 41% накша  пилла  супориданд. Дар маҷмӯъ, дар вилоят ин нишондод ба 293 тонна ё 45% баробар аст.
Ҳамчунин соли равон сарпарастии кирмакпарваронро ду ширкат- коргоҳи муштараки Тоҷикистону-Ветнам ВТ-Силк (кирмакпарварони 11 ноҳияро муттаҳид мекунад)  ва ҷамъияти саҳомии Тоҷ-Силк (кирмакпарварони ноҳияи Спитамен) ба зиммаи худ гирифтаанд. Ҳоло ба як кило пиллаи супорида 10 сомонӣ нарх муайян гардида, чун пешпардохт ба ҳар як кирмакчӣ кумакпулӣ ба маблағи 50 сомонӣ супорида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, парвариш ва корҳои нигоҳубини агротехникии кирмакхобонӣ дар сатҳи хуб қарор дошта, ҳосилгирӣ аз ҳар як қуттӣ 45,8 кг-ро ташкил дода, беш аз 15 ҳазор сокинон ба ин кор машғуланд.
Ҳамчунин барои назорати риояи қоидаҳои кирмакпарвариву агротехникӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ дар ҷойҳо 237 мутахассиси соҳаи кирмакпарварӣ фаъолият доранд.

Май 18, 2016 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Маркази омӯзишии «Русия бо Шумо» ифтитоҳ ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
ОЯНДАИ ФУТБОЛ АЗ ҲОЛО ОҒОЗ МЕЁБАД. Дар Тоҷикистон мусобиқаи васеъмиқёси кӯдакона анҷом ёфт
ZET-MOBILE иқдоми нав оғоз намуд: тарофаҳои «SUPER Қувва» бо тахфифи 50%
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 12 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«Ибни Сино ва Абубакри Розӣ — нобиғаҳои тамаддуни башарӣ». Дар Душанбе таҳти ин унвон ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи Комиссияи байнидавлатӣ оид ба рушди устувори кишварҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор шуд