Эмомалӣ Раҳмон: «Маросими оғози татбиқи лоиҳаи КАСА-1000-рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ»
Душанбе, 12.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Маросими имрӯзаи оғози татбиқи лоиҳаи бунёди хатти интиқоли барқи КАСА-1000 барои ҳамаи мо ҳамчун рамзи шурӯи ҳамкориҳои воқеӣ байни кишварҳои минтақаи фарохи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ лаҳзаи хотирмону дорои аҳамияти таърихӣ мебошад». Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими расмии оғози татбиқи Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA-1000 иброз дошт.
Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон: «Мусаллам аст, ки кишварҳои мо бо назардошти имконот ва ба хотири таъмини рушди устувору некуаҳволии мардумони худ ба ҳамкории бештар васеъ дар ҷодаи энергетика ниёз доранд».
Мавриди зикр аст, ки тамоюли ҷаҳонии ташаккули иқтисоди сабз ва дар ин замина, рӯ овардан ба манбаъҳои барқароршаванда ва аз лиҳози экологӣ тозаи тавлиди неруи барқ яке аз хусусиятҳои даврони муосир мебошад.
«Зимнан, манфиатдории кишварҳои мо дар истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи гидроэнергетикӣ баробар бо талаботи рӯзафзуни бозори минтақавии энергетикӣ омили мусоидаткунанда барои омодасозии тарҳи КАСА-1000 гардид», — тазаккур дод Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон.
Лоиҳаи асосномаи техникиву иқтисодӣ ва мавриди татбиқ қарор гирифтани он судмандии дар ин самт ба роҳ мондани ҳамёрии минтақавиро бори дигар тасдиқ менамояд.








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






