Имрӯз бозии ниҳоии Лигаи Аврупо доир мешавад
Душанбе, 18.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар вохӯрии ниҳоии Лигаи Аврупо дастаҳои «Ливерпул»-и Англия ва « Севиля»-и Испания дар варзишгоҳи «Санкт-Якоб Парк»-и шаҳри Базел бо ҳидояти довар Йонас Эриксон (23:45) вориди рақобат мешаванд.
«Севиля» аз ин пештар ду маротиба солҳои 2014 ва 2015 пай дар пай ғолиби ин мусобиқа гардида, имкон дорад бо ғалабаи навбатӣ дар ин поя рекорди нав гузорад. То ба ҳанӯз дар ин лига «Севиля» ҷамъ 4 маротиба соҳиби ҷом шудааст.
«Ливерпул» низ ба қатори дастаҳое шомил мешавад, ки дар мусобиқоти Ҷоми УЭФА арзанда ҳунарнамоӣ кардааст ва се маротиба барандаи ин ҷом гардидааст, ки охиринаш ба соли 2001 рост меояд.
Тибқи пешгӯии мутахассисони соҳаи футбол имконияти ғалабаи «Ливерпул» дар бозии имрӯза бештар аст. Кадом омилҳоро онҳо ба инобат гирифтаанд, ба касе рӯшан нест. Ба ҳар навъ интизор мешавем, ки кадом даста шоми имрӯз Ҷоми лигаи Аврупоро болои сар мебардорад.








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






