Изҳороти матбуотӣ дар фарҷоми музокироти ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
10.05.2016, шаҳри Душанбе
Муҳтарам намояндагони воситаҳои иттилооти умумӣ,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Имрӯз мо дар чаҳорчӯбаи мулоқоту музокироти созанда амалан ҳама арсаҳо ва соҳаҳои ҳамкории ду кишвари дӯст ва масоили муҳимми минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи кунунии Афғонистонро баррасӣ намудем.
Масъалаҳои тақвият ва таҳкими бештари муносибатҳои неки ҳамҷавории ду кишвар ва дастёбӣ ба сатҳи навин ва пешрафтаи ҳамкории ҳамаҷонибаи онҳо дар меҳвари муколамаи сатҳи олӣ ва музокироти расмӣ қарор доштанд.
Сафари нахустини расмии Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар марҳалаи муҳимми рушди ҳамёрии ду кишвар дар доираи ҳамкориҳои минтақавӣ ҷараён мегирад.
Талошҳои муштараку ҳадафмандонаи мо ҷиҳати оғози корҳои сохтмон дар тарҳи минтақавии КАСА-1000, ки маросими ифтитоҳи он ду рӯз пас дар Тоҷикистон доир мегардад, рамзи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.
Мутмаинем, ки татбиқи пайгиронаи ин тарҳи дорои аҳаммияти ҳаётан муҳим ба таъмини пешрафту ободӣ ва рӯзгори осудаи мардумони кишварҳои мо мусоидати ҷиддӣ ва ниҳоят муассир хоҳад кард.
Дар мулоқоту музокироти мо ҳамчунин ба дарёфти роҳҳо ва василаҳои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноке, ки ба тавсеаи имкониятҳои зербиноӣ ва транзитиву нақлиётии минтақавӣ роҳ мекушоянд, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
Ҳар ду ҷониб бар онанд, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо ҳамкории дуҷониба ва минтақавиро ба сатҳи комилан нав бардошта, омили таъмини субот ва пешрафти кишварҳоямон ва тамоми минтақа хоҳад гардид.
Дар музокирот мавзӯоти амниятӣ ва таҳаввулоти ҷории сиёсӣ муфассалан баррасӣ гардиданд.
Дар ин ҷода талоши фаъол ва содиқонаи ҳамаи кишварҳои минтақа ва шарикони онҳо дар чаҳорчӯби як стратегияи возеҳ ва ҳадафманд комилан зарур дониста шуд.
Ҳар ду ҷониб зарурати тақвияти равобити марзӣ ва таъмини амнияти онро таъкид намуданд.
Мо пайгирона талош хоҳем кард, ки тавассути эҷоди шароити мусоид марзи ду кишварро ба марзи субот, дӯстӣ ва ҳамкорӣ табдил диҳем.
Зимни баррасии мавзӯоти амният ва суботи минтақавӣ зарурати муборизаи усулӣ бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ таъкид гардид.
Ҳамкорӣ ва ҳамоҳангии сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ дар ин самт аз ҷониби мо чун амри ҳаётӣ маънидод шуд.
Рӯйдодҳои охир дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон нишон медиҳанд, ки терроризм, экстремизм ва кочоқи маводи мухаддир ба хатарҳои азимтарини олами муосир табдил ёфтаанд.
Майдони фаъолияти даҳшатноку нафратовари терроризм торафт фарох гардида, қувват гирифтани он вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст.
Мо борҳо изҳор карда будем, ки яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мебошад.
Аз ин лиҳоз, мубориза алайҳи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир бояд чун ҷузъи ҳатмии мубориза бо нерӯҳои терроризм ва экстремизм шинохта шавад.
Ҷониби Тоҷикистон хоҳони мусоидати бештари иҷтимоиву ҷомеаи байналмилалӣ ба Афғонистон мебошад.
Миёни ҷонибҳо мубодилаи озоди афкор дар бораи роҳҳо ва василаҳои таъмини сатҳи босамар ва навини ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва техникӣ сурат гирифт.
Мо зарурати густариши равобити фарҳангиву илмӣ ва дар ин замина муоширати васеи адибон, фарҳангиён ва донишмандони ду кишвари дӯстро таъкид намудем.
Ҳар ду ҷониб аҳаммияти густариши пайгиронаи ҳамкории минтақавиро таъкид сохтанд.
Ҷониби Тоҷикистон аз нақши афзояндаи Афғонистон дар умури минтақа истиқбол карда, ҷиҳати идомаи ҳамёрии густурда бо он дар арсаи байналмилалӣ, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар ниҳодҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба, омодагии худро изҳор менамояд.
Ҷонибҳо иброз доштанд, ки хостори рафъи мушкилоту бархӯрдҳо дар ҷаҳони ислом ва таъмини сатҳи навини ҳамкории кишварҳои исломӣ ҳастанд.
Мо бар онем, ки таҳкими низоми байналмилалӣ дар асоси усул ва меъёрҳои пазируфташудаи ҳамагонӣ бо нақши марказии Созмони Милали Муттаҳид ба нафъи кишварҳои минтақа ва тамоми ҷаҳон мебошад.
Мехоҳам таъкидан зикр намоям, ки мулоқоту музокироти мо дар фазои ҳусни ният, самимият ва эҳтироми мутақобил ҷараён гирифта, мавқеи ҷонибҳо дар мавриди масоил ва мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ягона ё наздик мебошад.
Дар марҳалаи кунунӣ Тоҷикистону Афғонистон амалан манфиатҳои зиёди муштарак доранд, ки ҷавҳари онҳоро таъмини амнияту субот ба манзури эҷоди заминаи пешрафти ду кишвар ва тамоми минтақа ташкил медиҳад.
Ҷониби Тоҷикистон аз сафари нахустини расмӣ ва дӯстонаи Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ибрози қаноатмандӣ намуда, онро иқдоми муҳим дар таҳким ва рушди муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар арзёбӣ менамояд.
Мо даъвати Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҷалолатмаоб Муҳаммад Ашраф Ғаниро ҷиҳати боздиди ҷавобии расмӣ аз кишвари дӯсти Афғонистон бо камоли сипос қабул намудем.
Муҳлати анҷоми ин сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мушаххас хоҳад шуд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд






