Конфронс: «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ»

Май 17, 2016 13:46

Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд конфронси илмӣ таҳти унвони «Осорхона- махзани фарҳанги миллӣ» баргузор гардид. Конфронс ба 90-солагии таъсиси Осорхонаи таърихии вилояти Суғд, ки яке аз куҳантарин осорхонаҳои кишвар маҳсуб мешавад, бахшида шудааст.
Дар конфронс маърӯзаҳои олимону муаррихон дар мавзӯъҳои «Осорхона — оинаи таърихи шукӯҳманди ниёгон», «Васиқае аз мазори Шайх Муслиҳиддин», «Тадқиқоти археологии шаҳри Хуҷанд ва Қалъа», «Осорхона ва осорхонашиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуданд.
Осорхонаи таърихии вилояти Суғд дар Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» ҷойгир буда, ҳамарӯза теъдоди зиёди сокинон ва сайёҳон аз он боздид менамоянд.
Аз Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» соли равон зиёда аз 41005 нафар дидан намудаанд.

Май 17, 2016 13:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд