Котиби генералии ФИФА интихоб шуд

Май 17, 2016 10:46

Душанбе, 17.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳаёти Федератсияи футболи ҷаҳонӣ тағйирот ворид гардид. Дар конгрессе, ки дар Мехико ҷараён гирифт, ба мансаби Котиби генералии он бори аввал зан-бону Фатма Самура аз Сенегал интихоб шуд.
Дар Конгресс аз Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода ва Дилшод Ҷӯраев -ноибони президенти Федератсияи футболи мамлакат иштирок карданд. Ба ғайр аз он ки Котиби генералии Федератсияи футболи ҷаҳонӣ интихоб гардид, ҳамчунин ду федератсияи нав ба ҳайати он шомил шуданд. Минбаъд Косово ва Гибралтар ҳаққи узвияти худро дар Федератсияи футболи ҷаҳонӣ пайдо карданд ва зери парчами он фаъолият хоҳанд кард. Шумораи аъзои ФИФА акнун ба 211 давлат баробар шуд.
То ба ҳанӯз таҳримҳои ин ниҳод ба федератсияҳои футболи Кувайт ва Бенин таъсир доранд ва дар сурати барҳам додани ихтилофот дар қонунгузориашон онҳо баргардонда хоҳанд шуд.
Дар конгресс ҳамчунин масоили молиявии Федератсияи футболи ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ба қавли Президенти он Ҷанни Инфонтинно ФИФА алакай аз буҳрон берун шудааст.

Май 17, 2016 10:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд