Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо оғози мавсими шиноварӣ аз сокинон ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро талаб менамояд

Май 27, 2016 09:13

Душанбе, 27.05.16. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба диққати сокинон ва меҳмонони кишвар мерасонад, ки баланд гардидани ҳарорати ҳаво ва оғози мавсими шиноварӣ дар дарёҳо ва кӯлу ҳавзҳо ба таҳдиди эҳтимолияти ғарқшавии шаҳрвандон оварда мерасонад. Аз ин рӯ кумита аз ҳамагон ҳушёрӣ ва эҳтиёткориро талаб менамояд.
Мувофиқи таҳлили мутахассисон бар асари риоя накардани қоидаҳои бехатарии шиноварӣ, дар соли 2015-183 нафар шаҳрвандон ғарқ шудаанд, ки боиси ташвиш мебошад. Аз ин шумора, то 10- сола 40 нафар, аз 10 то 17- сола 32 нафар ва аз 17- сола боло 111 нафар рост меояд.
Аз ин лиҳоз бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои нохуш дар об Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз шаҳрвандон ва меҳмонон эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба ҳимояи ҳаёти худ ва наздиконашон диққати ҷиддӣ дода, ҳангоми истироҳату шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, кӯлҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд, аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ намуда, ҳангоми истироҳат дар наздикии иншооти обӣ ноболиғонро беназорат нагузоранд.

Май 27, 2016 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд