Курси сайёри такмили ихтисос барои мутахассисон дар Хатлон
Душанбе, 13.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Қурғонтеппа- маркази маъмурии вилояти Хатлон курси сайёри такмили ихтисосро барои мутахассисони шуъбаҳои кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он баргузор намояд. Аз Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти кишвар ба АМИТ Ховар иттилоъ доданд, ки курси мазкур аз рӯи барномаи Таъмини баробарии гендерӣ дар хизмати давлатӣ гузаронида мешавад.
Дар машғулиятҳо бо шунавандагон доир ба мавзӯъҳои заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, одоби касбии хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, асосҳои коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, мақоми зан дар ҷомеа, мавқеи дин ва давлат, асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши занон дар идоракунии давлатӣ суҳбату мубоҳисаҳо гузаронида мешаванд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






