Маълумот оид ба гурӯҳҳои террористӣ ба ВКД-и Тоҷикистону Русия пешниҳод мегардад
Душанбе, 24.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия зарурати муайяну таҳия кардани муносибат ва меъёри ягона барои ҳамчун гурӯҳи террористӣ эътироф намудани ин ё он гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпеша таъкид карда шуд. Тавре дар нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия иброз гардид, ҳоло дар миёни ҳар ду вазорат таҷрибаи баргузор намудани мулоқотҳои дуҷониба ва мубодилаи ҳайатҳои корӣ оид ба бахшҳои алоҳида роҳандозӣ шудааст.
Бояд гуфт зимни фаъолияти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ ба сари вақт ворид шудани маълумоти фаврӣ таваҷҷуҳи хосса дода мешавад. Бинобар ҳамин зимни ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи ВКД ҶТ ва ВКД ФР ҷонибҳо изҳор карданд, ки тартиби мубодилаи маълумот ва истифодаи он нисбат ба роҳбарони гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, макони ҷойгиршавии ин гурӯҳҳо, маълумот оид ба аъзои фаъоли гурӯҳҳои ғайриқонунии мусаллаҳ ва маълумот дар бораи роҳҳои нави интиқоли маводи мухаддир бояд ҳар чӣ зудтар такмил ва пурра карда шаванд.
Мавзӯъҳои дар ҷаласа баррасишуда: ошкор сохтан ва пеш бурдани тафтиши ҷиноятҳои вазнин ва ниҳоят вазнин, ки дар ҳудуди Тоҷикистон ва ё Федератсияи Русия содир мешаванд, устуворӣ нишон додан ба муқобили терроризму экстремизм, ошкор ва бартараф намудани ҳолатҳои ҷалб намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи гурӯҳҳои террористӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамаи иштирокдорони ҷаласа гардид.
Баъд аз ҷаласаи ҳайати якҷояи мушовара вазирони корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия санад ба имзо расониданд, ки санади мазкур ҳамкории минбаъдаи вазоратҳо ва беҳтар намудани самараи ҳамкориро муайян месозад. Ҳамчунин нақшаи корӣ барои соли равон қабул гардид.
Зикр карда шуд, ки ҷаласаи ҳайати Мушовараи якҷояи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар фазои созанда баргузор гардида, аз тарафи роҳбарияти ҳар ду вазорат бояд ба сохторҳои мутасаддӣ барои иҷрои вазифаҳои якумдараҷа ва муайян намудани самтҳои фаъолияти самарабахш дар оянда супоришҳои зарурӣ дода шаванд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






