Мушовирони хориҷӣ: раъйпурсӣ дар Хуҷанд дар сатҳи хуби демократӣ ҷараён гирифт

Май 22, 2016 18:52

Хуҷанд, 22.05.2016. /АМИТ  «Ховар»/. 22 май дар маркази вилояти Суғд- шаҳри Хуҷанд чун дар дигар манотиқи кишвар аз субҳи барвақт, ҷараёни баргузории раъйпурсии умумихалқӣ дар ҳамаи 64 участкаи раъйдиҳӣ дар сатҳи баланд ҷараён гирифт. Он рӯз дар катори дигар раъйдиҳандагон раиси шаҳри Хуҷанд Шарифзода Шариф Файз низ ба участкаи раъйдиҳии интихоботии №12, ки дар бинои иттифоқи касабаи вилоятӣ ҷойгир аст, омада, раъйи худро ба ҷонибдории ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода, баён дошт, ки зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун талаби замон буда, он ба демократикунонии ҷомеа дар оянда равона карда шудааст.
Он рӯз дар ҷараёни раъйпурсӣ дар қатори мушовирони дохилӣ, ҳамчунин мушовирон аз мамлакатҳои хориҷӣ, чун Федератсияи Русия, ҷумҳуриҳои Қазоқистону Қирғизистон низ иштирок дошта,  сатҳи баланди баргузорӣ ва иштироки фаъоли сокинонро таъкид доштанд. Аз ҷумла, мушовирони хориҷӣ аз участкаҳои раъйдиҳии №№6,26, ва 16 дидан намуда, ба баргузории чорабинии мазкур ва ташкили он баҳои баланд доданд.
Тавре ки ба саволи хабарнигори агентии «Ховар» Худойқул Акабай, мушовири байналхалқӣ аз ИДМ, роҳбари бахши вилоятии маркази этнофарҳангии Қазокистони Ҷанубӣ доир ба баргузории раъйпурсӣ баён дошт, ки сараввал ба меҳмоннавозии мардуми тоҷик изҳори сипос менамоям, зеро бисёр ҳам дар сатҳи баланд моро пазироӣ намуданд. Ҳамчунин доир  раъйпурсӣ мехостам изҳор намоям, ки ҷараёни овоздиҳӣ дар маъракаи имрӯза дар сатҳи баланди ташкилӣ ва масъулиятшиносии сокинони шаҳр доир гашта истода, то ин дам аз ҷониби мо ягон камбудӣ муайян карда нашудааст. Сокинон бо талабу хоҳиши худ ба участкаҳои раъпурсӣ омада, раъйи худро баён дошта истодаанд. Ҳамчунин умед дорем бо ворид намоии тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи кишвар он як таконе баҳри рушди кишвар бошад.
Ҳамсуҳбати дигарамон мушовири байналхалқӣ аз ИДМ, ҷонишини акими ноҳияи Махтар, вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ Алтин Ишанқулова аз сатҳи баланди раъйдиҳии на танҳо калонсонлон, балки ҷавонон дар участкаи №26  низ ёдрас шуда, баён дошт, ки ҷараёни раъйпурсӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихобот ва раъйпурсӣ кушоду озодона ҷараён дошта, то ин дам ягон нуқсон зимни баргузории он аз ҷониби мушовирон муайян нашудааст ва аз фурсат истифода бурда, ба мардуми Тоҷикистон ободиву осоиштагӣ, рушди баланди иқтисодиву иҷтимооиро таманно намуд.
Ҳамчунин он рӯз баҳри болидахотирии сокинони шаҳр аз ҷониби масъулини мақомоти шаҳрӣ сайругашти оммавӣ ва барномаи калони рангини консертӣ дар Боғи марказии фарҳангию фароғатии  ба номи К. Хуҷандӣ  ва  Наврӯзгоҳ бо иштироки устодони санъат, ҳунармандони шинохтаи вилоят ва гурӯҳҳои ҳунарию  рақсӣ, чун  ансамблҳои   «Нури  Хуҷанд» ва гурӯҳи рақсии  «Парниён»  ташкил карда шуд.
Дар умум  то соати  18 00  дар шаҳри Хуҷанд 95 ҳазору 718 нафар раъйи худро  доданд, ки он баробари   93,1%  буда, бозгӯи гуфтаҳои болоианд.
Ба иттилои масъулин шумораи умумии раъйдиҳандагон дар Хуҷандшаҳр 102 ҳазору 811 нафарро ташкил дода, аз он 2.504 нафар бори аввал дар чунин маъракаи сиёсӣ ширкат намуданд.

Май 22, 2016 18:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони ҷаласаи навбатии Шурои ҳамкории фарҳангии ИДМ мегардад
Рушди робитаҳои иқтисодию молиявии Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Хатлон даври вилоятии озмун оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Хоруғ маркази савдои муосир ба истифода дода шуд
Дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон баландшавии ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар назар аст
Дар Суғд даври вилоятии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиё Марказӣ дар Ашқобод иштирок намуд
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Китоби «Садриддин Айнӣ. Феҳристи адабиёт» рӯнамоӣ гардид