Намояндагони мӯди Тоҷикистон маркетингро меомӯзанд
Душанбе, 18.05.2016/АМИТ «Ховар»/. Бозоршиносон (маркетологҳо), тарроҳон, соҳибкороне, ки дар самти мӯд фаъолият мебаранд ва намояндагони корхонаҳои дӯзандагӣ дар як давраи омӯзишии дурӯза доир ба бозорёбӣ (маркетинг) дар саноати мӯди замонавӣ иштирок мекунанд. Давраи омӯзишии мазкур имрӯз дар шаҳри Душанбе оғоз гардида, онро ширкати маъруфи русӣ «Fashion Consulting Group» дар доираи лоиҳаи Маркази тиҷорати байналмилалӣ баргузор мекунад.
Ҳадафи давраи таълимӣ тақвияти дониши иштирокдорон доир ба васила ва роҳҳои муваффақи бозорёбӣ дар саноати мӯди замонавӣ буда, иштирокдорон оид ба тарзи дурусти роҳандозии тиҷорат дар саноати мӯд, тарҳрезии рушди тиҷорат бо назардошти имконияту чолишҳои худӣ дар муқоиса бо рақибон, стратегияи нархгузорӣ ва роҳҳои ҷалби муштариёни эҳтимолӣ маълумот мегиранд.
Ануш Гаспарян, муассис ва мудири тиҷоратии «Fashion Consulting Group», ки давраи мазкурро ба намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон таълим медиҳад, мегӯяд: «Технологияҳои бозорёбӣ василаҳои асосии ба роҳ мондани соҳибкорӣ маҳсуб мешаванд. Ҳар як ширкат бояд доир ба мавқеъ ва мақоми худ дар бозор ва заъфу нерумандиҳояш маълумоти комил дошта бошад, то муваффақона рақобат карда тавонад. Дар ин давраи омӯзишӣ мо ҳамчунин доир ба тамоюл ва равандҳои иҷтимоӣ дар саноати мӯд, ба монанди таъсири ҷаҳонишавӣ ва фановариҳои нав, тағйироти тасаввуроти гендерӣ, арзишҳои нав доир ба масъулиятҳои муҳитзистӣ ва сиҳатии кормандон ҳарф хоҳем зад. Нақша дорем, то фарқият миёни брендҳои люксу олӣ ва бозори омро нишон дода, масоили боло бурдани нуфуз ва обрӯи ширкат тавассути брендсозӣ, ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ, тиҷорати онлайн ва муҳиммияти расонаҳои хабариро низ мавриди баррасӣ қарор диҳем».








«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад






