Натиҷаҳои навбатии иштироки мардум дар раъйпурсии умумихалқӣ
Душанбе, 22.05.2016. /АМИТ «Ховар»/. Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки мутобиқи маълумоти аз 68 комиссияҳои ҳавзавӣ воридгардида, то соати 15:00-и 22 май дар саросари ҷумҳурӣ 3 миллиону 518 ҳазору 184 нафар раъйдиҳандагон дар маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд, ки 79,9 фоизи раъйдиҳандагонро ташкил медиҳад.
Ҳоло дар тамоми участкаҳо раъйдиҳӣ идома дошта, натиҷаҳои иштироки мардум дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ давоми рӯз тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ мустақиман пахш хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки натиҷаҳои пешакии раъйпурсӣ 23 май мустақиман тавассути шабакаҳои телевизионии давлатӣ эълон карда хоҳад шуд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






