Ҷоми КФО: Рақибони бозиҳои 1/8- ниҳоӣ муайян шуданд

Май 13, 2016 15:28

Душанбе, 13.05.2016 /АМИТ «Ховар»/.Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё шаҳри Куала Лумпури Малайзия қуръакашии бозиҳои 1/8- ниҳоии Ҷоми КФО баргузор гардид. Ҳарифони дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар гурӯҳи «Б» «Нафт Алвасат»-и Ироқ бо «Алҷайш»-Сурия ва «Алфайсалӣ»-и Урдун бо «Алмуҳаррақ»-и Баҳрайн дар чаҳорчӯби ин бозиҳо бо ҳам қувва меозмоянд.
Ба ҳамин тартиб, бозиҳои аввали 1/8 ниҳоӣ 24 май бо ширкати «Алаҳад»-и Лубнон бо «Алваҳда»-и Сурия, «Айр Форс»-и Ироқ бо «Алваҳдат»-и Урдун, «Сирес ла Сейл»-и Филиппин бо «Сауз Чайна-и Чин, «Моҳун Баган»-и Ҳидустон бо «Тампинс Роверс»-и Сингапур, 25 май «Нафт Алвасат»-и Ироқ бо «Алҷайш»-Сурия, «Алфайсалӣ»-и Урдун бо «Алмуҳаррақ»-и Баҳрайн, «Китчи»-и Гон-Конг бо «Бангалуру»-и Ҳиндустон ва «Ҷаҳор дарул таъзим»-и Малайзия бо «Кайа»-и Филиппин вориди майдон мешаванд.

Май 13, 2016 15:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
Дар «Саноатсодиротбонк» бахшида ба Рӯзи Конститутсия ҳамоиши маърифатӣ баргузор гардид