Ошкор намудани беш аз 500 ҳолати қонуншиканӣ аз сӯи гумрукчиён дар шимоли кишвар
Душанбе, 20.05.2016/ АМИТ «Ховар»/. 570 ҳолати қонуншиканиҳо нисбат ба интиқоли ғайриқонунии молу воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ дар зарфи се моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд ошкор гардидааст, ки аз он 187 ҳолат дар баррасии мақомоти судӣ қарор дорад.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки аз миқдори умумии қонуншиканиҳо 177 ҳолати он бевосита ба ҳуқуқвайронкунии молҳои зераксизӣ алоқаманд мебошад. Инчунин аз ин теъдод дар 37 ҳолати нтиқоли нӯшокиҳои спиртӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз тарафи мақомоти судӣ ба маблағи беш аз 3 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин гардида, зиёда аз 30 ҳазор сомонӣ пардохтҳои гумрукӣ ситонида шудаанд. Ҳамзамон аз маҷмӯи ҳолати қонуншиканиҳо дар 10 ҳолат шароб ба миқдори 3 ҳазору 67 дона ошкор гардида, ба маблағи қариб 3 ҳазор сомонӣ мол мусодира карда шудааст. Инчунин дар ин давра интиқоли ғайриқонунии маҳсулоти тамоку дар 26 ҳолат, оби ҷав 25 ҳолат, маҳсулоти сӯзишвории дизелӣ дар 62 ҳолат, бензин — 14, гази моеъ — 16 ва оби газнок дар зиёда аз 200 ҳолат ошкор гардида, нисбат ба қонуншиканон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз гардидааст.
Ҳамзамон аз ҷониби кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шимоли кишвар дар зарфи се моҳи соли равон як ҳолати интиқоли ғайриқонунии асъори хориҷӣ ба маблағи 588 ҳазор рубли русӣ ва 700 доллари амрикоӣ ба қайд гирифта шудааст.








Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд






