Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии Панҷакент муаррифгари тоҷикон дар Маскав

Май 20, 2016 08:52

Душанбе, 20.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Маскав  дар  Намоишгоҳи  «Манеж» фестивали чоррӯза таҳти унвони  «Интермузей» доир гардид, ки дар он  намояндагони зиёда аз 300 осорхонаҳои таърихӣ — кишваршиносии Федератсияи Русия ва давлатҳои хориҷӣ иштирок доштанд. Дар фестивал Тоҷикистонро Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд  муаррифӣ намуд.
«Аз халқи рус ва ҳукуматдорони он минатдорем, ки моро  ба Фестивали мазкур даъват намуданд ва  бисёр хушнудем аз он, ки  барои намоиши осори фарҳангии кишварамон имконият  пайдо намудем»-, зикр намуд  Фотима Рофиева, директори Осорхонаи таърихӣ- кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент.
Кормандони Осорхонаи  мазкур дар Фестивал расмҳои бозёфтҳо аз  ёдгории  қадимаи  Саразм ва дигар осори фарҳангии тоҷикон, аз ҷумла  лаълиҳои бо даст наққошишуда,  ангораҳои миллӣ, сарпӯш ва либосҳои қадимаи тоҷикиро манзури иштирокдорон гардониданд.
Ҳамчунин   иштирокдорони чорабинӣ аз тариқи  наворҳои видеоӣ баромади Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  намоиши либосҳои миллӣ,  маросими   тӯйи хонадоршавӣ ва  дигар расму оини тоҷиконро   тамошо карданд.
Фотима Рофиева ҳамчунин зикр намуд, ки фақат дар   як соати аввали баргузории Фестивал зиёда аз 300 нафар тамошобинон ба намоишгоҳи тоҷикистониён   мароқ зоҳир намуда,  бо шавқи том маҳсули дастии  ҳунармандони  тоҷикро харид карда,  ба  сифати он баҳои баланд доданд.
Ҳамчунин ба Намоишгоҳи ҷониби тоҷикистонӣ  намояндагони ширкатҳои туристии шаҳри Маскав таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бобати ташкили гурӯҳҳои туристӣ барои сайёҳат  ба Тоҷикистон тасмим гирифтаанд.
Тавре ки дар  сомонаи интернетии «Руссия барои ҳама»  иттилоъ дода шудааст, иштирокдорони Фестивал тавассути  расм ва наворҳои видеоӣ бо табиати зебову нотакрор  ва аз тариқи маҳсули ҳунарҳои мардумӣ  бо назокату маҳорати  ҳунармандии  мардуми тоҷик шинос шуда, афсӯс хӯрдаанд, ки дар ин бора тасаввуроти кам доштаанд.

Май 20, 2016 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд