Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ҷавонон барои пешбурди тарзи ҳаёти солим саъю талош мекунанд»
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Ҷавонони мо варзишро гарави саломатӣ дониста, барои пешбурди тарзи ҳаёти солим саъю талош мекунанд, — иброз намуданд имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи якуми Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба андешаи Сарвари давлат, як қисми ҷавонон дар мусобиқаҳои варзишии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ фаъолона иштирок намуда, парчами Тоҷикистони азизро баланд мебардоранд. Вале бояд гуфт, ки ҳоло ҳам дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва маҳаллаву деҳот майдону толорҳои варзишӣ намерасанд ё тамоман вуҷуд надоранд. Қисми дигарашон ба талаботи оддитарин ҷавобгӯ набуда, таъмирталаб мебошанд ва бо таҷҳизоти варзишӣ таъмин нестанд.
Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор намуданд, ки якҷо бо соҳибкорон ва бо ёрии худи ҷавонон ҷиҳати бунёди майдону толорҳои варзишӣ тадбирҳои иловагӣ андешида, ба солимгардонии ҷомеа, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ диққати авалиндараҷа диҳанд ва тавассути воситаҳои ахбори омма тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ монанд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






