Сарбанди кӯли сунъии Барсем кушода шуд

Май 11, 2016 18:53

Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар деҳаи Барсеми ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон  сарбанди кӯли сунъӣ, ки моҳи июли соли 2015 дар натиҷаи омадани сел ба вуҷуд омада буд, кушода шуд. Ин тадбир ба хотири паст кардани сатҳи оби кӯли сунъӣ ва аз байн бурдани  хатари он роҳандозӣ шуд. Дар сурати гарм шудани ҳаво ва эҳтимоли такрории чунин ҳодиса оби кӯл зиёд гардида, ба Нерӯгоҳи барқи обии «Помир-1» метавонист таъсири манфӣ расонад.

Ёдовар мешавем, ки гармшавии аз меъёр зиёди ҳаво дар моҳи июли соли гузашта боиси фаромадани сел гардида, пеши рӯдхонаи Ғунд баста шуд ва кӯли сунъиро ба вучуд овард. Бар асари ин  ҳодисаи табиӣ 82 хона пурра хароб гардида, чанд манзили  истиқоматӣ низ зарар диданд. Инчунин  зиёда аз 2 километр роҳи мошингарди дорои аҳамияти байналмилалии масири Даровз-Хоруғ-Мурғоб  пурра хароб гардид. Бо кӯмаки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони зарардида аз рӯзҳои аввали сар задани ин ҳодисаи табиӣ таҳти ғамхории бевосита фаро гирифта шуда, дар кӯтоҳтарин муддат дар як макони бехавф бо манзилҳои зист таъмин карда шуданд, ки имрӯз ин деҳа Раҳмонобод номгузорӣ шудааст.

Май 11, 2016 18:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад