«Шоми Ваҳдат» ва маҳфили адибон дар Роштқалъа

Май 27, 2016 10:10

Қурғонтеппа, 27.05.2016 /АМИТ Ховар/.    Дирӯз, 26 май дар мавзеи Шошиндашти ноҳияи Роштқалъа «Корвони Ваҳдат»-и Хатлонро раиси ноҳия Юсуф Султонноёбов ва дигар намояндагони расмии ноҳия бо нону намак, шеъру суруд ва бо дилгармии хосса истиқбол намуданд.
Тавре  аз   шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  вилояти   Хатлон  иттилоъ  доданд, баъд аз зуҳри ҳамон рӯз дар ҷамоати деҳоти Тӯсиён маҳфили адибони Хатлонзамин бо иштироки Ҳақназар Ғоиб, Усмон Билолӣ, Ғаффоралӣ Сафар ва Чупон Бадал доир гардид. Адибон дар  васфи сулҳу  ваҳдат шеърхонӣ намуда, аз  дастовардҳои давраи соҳибистиқлолии  Тоҷикистон ёдрас  шуданд.
Дар назди варзишгоҳи марказии ноҳия  намоиши ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ  ва саноатӣ, тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, аз ҷумла оши палав доир гардид.
Ҳамзамон барномаи консертиии «Шоми Ваҳдат» пешкаши мардуми ноҳия гардонида шуд.

Май 27, 2016 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд