Ташрифи Раисҷумҳури ҶИА Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба ДМТ фоли нек аст
Душанбе, 11.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо донишҷӯёни тоҷику афғон вохӯрд. Дар доираи вохӯрӣ Муҳаммад Ашраф Ғанӣ вобаста ба таърих, забони муштарак ва манфиатҳои ҳарду кишвар сухан кард. Муҳаммад Ашраф Ғанӣ зикр намуд, ки нақши донишгоҳҳо ва махсусан ҷавонон дар пешрафти кишвар муассир аст. «Ҳар як ҷавон аввалан бояд гузаштаро донад ва баъдан ояндаро эҷод кунад. Фикр кунед, ки 20 сол пеш кадом корҳоро анҷом додед ва нақшаи дигарро ба уҳда гиред. Барои ҳар давлату кишвар ҳам муҳандис, ҳам ҷомеашинос, ҳам мутахассиси сиёсат ва дигар касбҳо даркор аст»,- илова намуд Муҳаммад Ашраф Ғанӣ.
Меҳрангез Қодирова, донишҷӯи соли сеюми ДМТ, ки яке аз иштирокдорони ин вохӯрӣ буд, таассуроташро чунин баён дошт: «Вохӯрии имрӯза, ки дар доираи ҳамкории судманди Тоҷикистону Афғонистон баргузор гардид, як бори дигар дӯстии ин ду кишварро собит намуд. Дар вохӯрӣ нуқтаҳои муҳимтарини рушди мамлакатҳои Осиёи Марказӣ таъкид гардид. Раиси ҶИА дар мавриди тарбияи кадрҳои ҷавон сухан кард. Таъкид шуд, ки новобаста аз он ки онҳо тоҷик ҳастанд ё афғон ва ё дигар миллат, метавонанд барои рушди ҷомеа ва муҳайё сохтани фазои солим саҳмгузор бошанд».
Ба андешаи устоди ДМТ Сангин Гулов, ташрифи Раисҷумҳури ҶИА ба Тоҷикистон ва ДМТ фоли нек аст: «ДМТ ҳамчун бузургтарин муассисаи Тоҷикистон дар тайёр кардани мутахассисон на танҳо барои давлати Тоҷикистон, балки давлати барои мо ҳамзабону ҳамсояву ҳаммарз- Афғонистон низ саҳми босазо дорад. Имрӯз дар донишгоҳҳои миллӣ донишҷӯёну магистрантону унвонҷӯёни афғон ба дониш фаро гирифта шудаанд ва дар риштаҳои гуногун рисолаҳои худро ҳимоя мекунанд. Имрӯз гузориши хуби Раисиҷумҳури ҶИА гувоҳи он аст, ки ин ҳамкориҳо боз ҳам бештар рушд карда истодаанд. Дар гузориш на танҳо гузаштаю таърихи ин робитаҳо, балки ояндаи онҳо низ таҳлил ёфтанд. Сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки ӯ дар душвортарин рӯзҳои Афғонистон мардуми тоҷикро ҳамеша бо сарнавишти мардуми афғон ҳамроҳ медонист. Аз соли 1994, ки дар Тоҷикистон сулҳу субот набуд, Сарвари мо аз сулҳу суботи Афғонистон сухан ба миён меовард.
Имрӯз тамоми мардуми Тоҷикистон дар фикри он ҳастанд, ки дар сарзамини ҳамсояи мо сулҳу суббот пойдор гардад, зеро пешрафти Тоҷикистон низ ба он вобаста аст»,- илова намуд С. Гулов.
Лайло Қосимова








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






