Тими мунтахаби Тоҷикистон бар мунтахаби легионерҳо бо ҳисоби 5:2 ғолиб омад

Май 27, 2016 09:17

Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз вохӯрии плей-оффи бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол бо тими мунтахаби Бангладеш шоми дирӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе сармураббии дастаи мунтахаби мамлакат Ҳаким Фузайлов дар як вохӯрии таҷрибавӣ ва санҷишиву дӯстона бо тими легионерҳои Тоҷикистон бозингарони  дастаи мунтахабро имтиҳон кард.
Ҳайати даста дар нимаи аввал нисбат ба бозиҳое, ки соли равон дар рақобатҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон 2018 ҳунарнамоӣ карда буд, тафовут дошт. Бозингарони ҷавон Табрези Давлатмир ва Амирбек Ҷӯрабоев ба ҳайати бозингароне, ки дар қисми аввал ҳунарнамоӣ карданд, ҳамроҳ шуда буданд.
Нимаи аввали вохӯрӣ бо бартарии легионерҳо гузашт ва баъди голҳои Саломон Течи ва Андоҳ Наполеон дастаҳо бо натиҷаи 2:0 ба танаффус рафтанд.
Дар нимаи дуввум баъди тағйир хӯрдани ҳайат ҳунарнамоии футболбозонии  тими миллӣ дигар шуд ва бо голҳои задаи Манучеҳр Ҷалилов(3 тӯб),Умед Шарипов ва Парвиз Умарбоев миллипӯшони кишварамон бо натиҷаи 5:2 ғалаба карданд.
Самураббии даста Ҳаким Фузайлов дар поёни бозӣ дар суҳбат ба  «Ховар» гуфт: «Аз бозии футболбозон қаноатманд шудем ва акнун дар даста онҳое боқӣ мемонанд, ки аз санҷиш гузаштанд».
Ёдовар мешавем, ки сармураббии тозаинтихоби тими мунтахаби кишвар ба ин тамринҳо 29 нафар бозингаронро ҷалб карда буд.

Май 27, 2016 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Муколамаи чоруми минтақавӣ оид ба иқтисоди даврӣ дар Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҷашни Меҳргон таҷлил мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии меваи анор оғоз гардидааст
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш дар назар аст
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкориро дар арсаҳои фанновариҳои иттилоотӣ ва фарҳанг баррасӣ намуданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Маҷлиси намояндагон ду созишномаи ҳамкории Тоҷикистонро бо Фонди авруосиёии субот ва рушд тасдиқ намуд
Дар Душанбе доир ба Шабакаи иқлимии TajCN ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 16 дараҷа гарм мешавад