«Тоҷикагролизинг» ба ҷумҳурӣ 27 адад комбайни ғалладарави тамғаи «Нива-Эффект», Палессе GS812, «CLAAS-ро ворид кард
Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» бо мақсади самаранок истифода намудани заминҳои корам, беталаф ҷамъоварӣ намудани зироати ғалладонагӣ ва сари вақт гузаронидани кишти такрорӣ бо Ҷамъияти саҳомии заводи механикии Бузулук-и Ҷумҳурии Беларус барои харидории 10 адад комбайни ғалладарави тамғаи Палессе GS812 бо коҳҷамъкунак, доси 5 метра, қувваи муҳаррикаш 230 қувваи асп, бо нархи 69 ҳазор доллари амрикоӣ ва бо ҶДММ Заводи комбайни Ростселмаш-и Федератсияи Русия барои харидории 10 адад комбайни ғалладарави тамғаи Нива-Эффект бо коҳҷамъкунак, доси 4,1 метраи қувваи муҳаррикаш 155 қувваи асп бо нархи 65 ҳазор доллари амрикоӣ шартнома баста буд, ки тибқи он заводҳои истеҳсолкунанда то оғози мавсими дарави зироатҳои ғалладонагӣ комбайнҳои мазкурро бояд ба ҷумҳурӣ ворид менамуданд.
Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти КВДҶ Тоҷикагролизинг Ибодулло Оқилпур аввалин комбайнҳо чанде пеш ба ҷумҳурӣ ворид карда шуданд. Ҳоло 10 адад комбайни тамғаи Нива-Эффект истеҳсоли Федератсияи Русия ба анбори корхона ворид гардида, 10 адад комбайнҳои тамғаи Палессе GS812, истеҳсоли Ҷумҳурии Беларус рўзҳои наздик ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки мувофиқи шартнома Заводи комбайни Ростселмаш ба мо бояд 10 адад комбайни тамғаиНива-Эффект медод. Бинобар сабаби он ки талабот ба ин навъи комбайнҳо зиёд аст, мо аз намояндагони заводи мазкур хоҳиш намудем, ки иловатан боз 5 адад аз ин комбайнҳоро ба ҷумҳурӣ ворид намоянд. Ҳоло 5 адад комбайни мазкур дар фурўши озод гузошта шуда, аллакай сетои он соҳибонашонро пайдо намудаанд. Муҳлати шартномаи фурўши онҳо як сол пешбинӣ шудааст,- илова намуд манбаъ.
Бар иловаи комбайнҳои мазкур роҳбарияти корхона аз намояндагии Ширкати Агролис-и Давлати Олмон 2 адад комбайнҳои тамғаи «CLAAS-ро ба ҷумҳурӣ ворид намуданд, ки яктои он дар ноҳияи Фархор ба дарави ғалла машғул буда, дуввумӣ дар шаҳри Турсунзода омодаи кор мебошад.
Тақсимоти комбайнҳои ғалладарави Палессе GS812 ва Нива-Эффект тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлону Суғд сурат гирифта, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Восеъ, Данғара ва Муъминобод бо КВДҶ Тоҷикагролизинг аллакай шартнома баста, комбайнҳоро харидорӣ намудаанд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






