Виталий Левченко дар дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард
Душанбе, 27.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз футболбозони машҳури Тоҷикистон дар охирҳои солҳои рукуди Иттиҳоди Шӯравӣ Виталий Левченко, ки дар Украина зинадгӣ мекунад, ба ҳайси мураббии тайёрии ҷисмонии дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кард.
Виталий Левченко дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанди имрӯза) соли 1972 чашм ба олами ҳастӣ кушод ва ҷавониашро дар Тоҷикистон паси сар карда, ҳамчун бозингар дар дастаи «Хуҷанд» номвар шуд ва дар 19- солагиаш ба ҳайати дуввуми клуби машҳури «Динамо»-и Киев шомил гардид. Аз соли 1994 то 2000-ум шарафи дастаи ССКА-ро ҳимоя карда, баъдан ба «Таврия»-и Симферопол гузаштааст.
Левченко давоми панҷ сол дар 9 бозии дастаи мунтахаби Тоҷикистон иштирок карда, шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои Осиёии соли 1998 ва бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-1998 ҳимоя кардааст.
Баъди анҷом додани карйераи бозингар ба ҳайси мураббӣ ва сармураббӣ дар дастаҳои «Княжа», «Арсенал»,«Десна»,«Еднист» ва тими мунтахаби ҷавонони Украина фаъолият кардааст.
Тавре сармураббии дастаи мунтахаби кишварамон Ҳаким Фузайлов дар суҳбат гуфт: «Ман ба касбияти баланди Виталий Левченко боварӣ дорам ва ӯро хуб мешиносам. Мо дар якҷоягӣ мақсад ва вазифаи дар назди дастаи мунтахаб гузошташударо иҷро хоҳем кард».
Мо дар амалӣ шудани ин мақсадҳо ба мураббиёну дастандаркорони тими мунтахаби малакат барори кор мехоҳем.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






