«Зани тоҷик-нигаҳдорандаи оташи урфӣ»-мулоқоти ҳамватанон дар Хабаровск
Душанбе, 28.05.2016 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори раиси бонувони тоҷики шаҳри Хабаровски Федератсияи Русия Моҳтоб Хайруллоева дар толори Хонаи «Дӯстии халқҳо»-и ин шаҳр бо номи «Зани тоҷик-нигаҳдорандаи оташи урфӣ» мулоқот баргузор гардид. Дар вохӯрӣ доираи васеи бонувони соҳибкори тоҷик, ки дар шаҳри Хабаровск ва Комсомоли лаби Амур фаъолияти хуб доранд, ширкат карданд. Дар вохӯрӣ Робиямо Латифова, Шамсия Қурбонова, Шаҳодат Орифова, Санавбар Киромова дар бораи тарбияи дурусту ватандӯстонаи фарзандон, ба таҳсили илму марифат фаро гирифтани онҳо ва дур нашудан аз урфу одатҳои аҷдодӣ суханҳои пурмазмун гуфтанд.
Дар вохӯрӣ муовини директори Хонаи «Дӯстии халқҳо»-и шаҳри Хабаровск Татяна Ерофеевна бонувони тоҷикро тимсоли покиву зебоӣ ва фурӯзоннигаҳдорандаи оташи меҳру вафои хонадони шарқиёнаашон, ки дар он ҳурмати волидону калонсолон ва тарбияи хуби фарзандон дар мадди аввал меистад, номид.
Дар охир пешниҳод гардид, ки барои омӯзиши духтарон мактаби махсуси таълими сӯзандӯзиву хӯрокпазӣ ва оиладории тоҷикона таъсис дода шавад, то рӯзҳои якшанбе толибилмон аз он сабақ гирифта, бо ин роҳ аз фарҳанги пурғановати тоҷикона баҳра бардоранд.
Садбарг Боқиева, Хабаровск








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






